Имрӯз, 24-уми октябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико оид ба ҳамгироии минтақавӣ (С5+1) баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин нишаст аз Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар иштирок дошт. Ҳамчунин, дар ин мулоқот, Лазиз Кудратов, вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон, Арман Шаккалиев, вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон, Чингиз Макешов, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон, Керимбердӣ Курбанов, муовини вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон ва Саманта Пауэр, роҳбари Агентии рушди байналмилалии ИМА иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни ҷаласа, ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва “иқтисодӣ сабз”, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва дастгирии шуғли занон, ҷавонон ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа табодули афкор намуданд.
“Ҳамгироии дохилиминтақавӣ ва глобалӣ”, пешбурди пайвастшавии энергетикӣ ва мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим тариқи рушди истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза аз мавзӯҳои дигаре буд, ки дар ин мулоқот баррасӣ шуданд.
Дар поёни ҷаласа, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба рақамикунонии расмиётҳои гумрукӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расониданд.
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста