Як вакили Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон бо гумони “Бо ҳадафи фурӯш ғайриқонунӣ омода кардани маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва ба он монанд” боздошт гардидааст.

Тавре расонаҳои Қирғизистон хабар медиҳанд, вакили пешини порлумони он кишвар Жанибек Бакчиев ҳанӯз 25 октябр боздошт шудааст, аммо мақомоти додгоҳии Қирғизистон танҳо рӯзи 14 ноябр ин иттилоъро тасдиқ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки Жанибек Бакчиевро додгоҳ бо гумони “Бо ҳадафи фурӯш ғайриқонунӣ омода кардани маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва ба он монанд” ба ҳабс гирифтааст.

Бояд зикр кард, ки Жанибек Бакчиеви 56-сола аз ҷиноҳи “Бир Бол” вакили порлумони Қирғизистон буд. Пеш аз вакилӣ ва дар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Қирғизистон низ кор кардааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.