Як ковиши мо тариқи ҷустуҷӯгари Google натиҷаи аҷиб дод. Маълум шуд, ки дар 39 сония он 981 ҳазор маротиба таъбири “Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат”, дар 30 сония 92 ҳазору 900 бор - “Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат” ва дар 26 сония 1 миллиону 480 ҳазор маротиба таъбири “Дар пайравӣ ба иқдоми Пешвои миллат” - ро пайдо мекунад.

Ин ба он маъност, ки дар нашрия, шабакаҳои радиоиву ТВ, сомонаву хабаргузориҳои давлатӣ, дар маҷмӯъ бахши тоҷикии интернет таъбирҳои аз ҳама серистифода маҳз ҳаминҳоанд.

Фақат як намунаи равшан

Ин ҳақиқат аст, ки дар расонаҳои давлатӣ оддитарин иқдомоти анҷомшуда дар Тоҷикистонро маҳз бо ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат медиҳанд. Мансабдорони дигар, ҳудуди 20 соли ахир гӯё ҳеҷ гуна ташаббускор нестанд. Ҳарчанд то аввали солҳои 2000-ум баръакс, раванди фаъолмандии аз ҳад беши мансабдорон ва дар замина ташаббускории онҳо сахт эҳсосшаванда буд. Аммо баъд раванди, ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, марказгароӣ роҳандозӣ гардид, ки ҳама корҳо танҳо “дар мувофиқа бо боло” ҳал шаванд.

Коршиносони наздик ба ҳукумат мустақилияти нисбии он давраи марбут ба мансабдоронро аз як ҷиҳат ба ҳолати умумии замони ҷанги шаҳрвандӣ, аз сӯи дигар ба таҷрибаи кофӣ надоштани ҳукумати марказӣ нисбат медиҳанд:

“Тавозуни нисбии сиёсиву иҷтимоӣ аз сӯи нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ва гоҳо қумандонҳои саҳроӣ, ки амбитсияҳои сиёсӣ пайдо карда буданд, эҳсос мешуд. Ҳукумати марказӣ он замон думболи корҳои муҳимтар буданд. Баъд, ки масъалаҳои ҷиддии давлатдорӣ ҳал шуд, таҷрибаи кофӣ низ пайдо гардид, муносибати дигаргуна пеш омад. Интихоботи парлумонии соли 2000 ва ахиран соли 2005 ба таври қотеъ маълум кард, ки ҳукумати марказӣ қавӣ шуда, марказгароиро меҳвари сиёсатҳои худ қарор доданист”, - мегӯянд онҳо.

Вале аз ин баъдтар ҳам намунаҳое дорем, ки вазъ то ин ҳад, ки ҳоло ҳаст, набуд. Мансабдорон ақаллан корҳое мекарданд, ки дар ёдҳо монанд, на мисли имрӯз: назарсанҷиҳои расмиву ғайрирасмӣ маълум мекунанд, ки мардум аксари мақомдоронро ҳам дар сатҳи марказ ва ҳам маҳал намешиносанд.

Намунаи равшан аз миёнаи солҳои 2000-ум аз Асадулло Раҳмон аст, ки ҳоло ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масоили кадрӣ мебошад. Ӯ пас аз интихоботи парлумонии соли 2005 раиси Кумитаи ТВ ва радио таъин гардид ва ба зудӣ аз худ ташаббусҳои шоиста нишон дод. Дар натиҷа шабакаҳои зиёди ТВ ва радио маҳз замони раҳбарии ӯ ташкил шуданд, барои кормандони кумита хонаи истиқоматии хидматӣ ҳам бунёд намуд. Воқеан, шабакаи аввал - ТВ “Сафина”-ро пас аз шаш моҳи роҳбарӣ ва шабакаи ТВ “Баҳористон”-ро соли дуюми кориаш фаъол намуд...

Дуруст аст, ки ӯ ҳам ташаббусҳои худро албатта ба “сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон” нисбат медод. Аммо муҳим, ки ҳаракат аз ҷониби ин мансабдори акнун хеле пуртаъсир эҳсос мешуд ва дастгирӣ низ меёфт.

Масалан, раиси феълии Кумитаи ТВ ва радио Нуриддин Саид ҳанӯз 26 июли соли 2022 дар нишасти матбуотиаш гуфт “дар мувофиқа бо Роҳбари давлат бунёди 2-бинои 12 ошёнаро ба нақша гирифтаанд ва рӯзҳои наздик бояд барои сохтмони он замин ҷудо карда шавад”. Ба таъкиди Нуриддин Саид пас аз сохтмон пеш аз ҳама нафарони эҳтиёҷманди соҳа бо биноҳои истиқоматӣ таъмин  мегарданд.

Аз байн якуним сол гузашт, аммо хабари дигаре дар ин замина пеш наомад. Барои чӣ? Гапаш нагузашт, ё он “ваъдаи интихоботӣ” буд?

Рафти яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Вақте Холмурод Раҳмон “дар бало” монд...

Чанд соли ахир, агар дар бораи ташаббускории мансабдорон чизе мешунавем, танҳо дар ибтидои ба курсӣ нишастанашон аст. Баъд шояд аз ваъдаҳояшон фаромӯш мекунанд, ё “воқеияти дигар”-ро мебинанд.

Яке аз онҳое, ки ҳоло нисбатан аз худ фаъолмандӣ нишон медиҳад, Давлаталӣ Саид аст, ки ибтидои соли равон раиси вилояти Хатлон таъин гардид. Ҳанӯз замоне, ки иҷрокунандаи ин вазифа буд, аз симои феълии шаҳри Бохтар норозигӣ кард ва ба шаҳрдори маркази Хатлон дастур дод, ки онро куллан тағйир диҳанд.

Иқдоми дигаре, ки ӯ дар борааш гуфту ҳатто аз ҷониби сокинони пойтахт ва шаҳри Хуҷанд ҳамовозӣ пайдо кард, манъи сохтмони биноҳои баландошёна дар майдонҳои холии миёни биноҳои куҳна буд. Зеро ин мушкил хос ба ҳама шаҳрҳои калони Тоҷикистон шудааст ва мардумро сахт нороҳат мекунад. Вале имкон дорад, ки аз Давлаталӣ Саид пурсида шавад: чаро ҳангоми муовини аввали Сарвазир буданаш ин мушкилро надид ва масъалагузорӣ накард?

Огоҳон аз вазъият дар вилояти Хатлон мегӯянд раиси собиқи вилоят Қурбон Ҳакимзода низ дар баъзе ҳолатҳо аз худ ташаббусҳои ҷолиб нишон медод. Зимнан, гуфта мешавад иқдомоти раиси собиқи вилоят, ки ҳоло дар курсии вазири кишоварзӣ нишастааст, хислати мавсимӣ надоштанд ва то охир идома ёфтанд. Барои ҳамин баъзе аз ташаббусҳои Ҳакимзода ҳоло самар медиҳанд. Масалан, ӯ  ба ҳар хонандаи мактаб, ки мактабро бо медали тилло ва нуқра хатм мекунанд, 10 000 сомонӣ ва директори мактабаш 3000 сомонӣ ваъда кард ва медод.

- Дар натиҷа имсол мактабҳои Хатлонро 18 нафар бо медали тилло хатм кард, ки ин ба 52% медалҳои тиллои мактабҳои тамоми кишвар баробар аст. Таъсис додани ҷоизаҳои “Соҳибватан” ва “Ободгари Ватан” низ барои соҳибкорони хатлонӣ ангезаи ободкорӣ дод , ё ҳангоми сафарҳои Қурбон Ҳакимзода ба навоҳӣ ӯ ақаллан 3 собиқадори меҳнатро зиёрат мекарду барояшон кӯмак ё тӯҳфаҳо медод, ки ба натиҷаи корҳо албатта таъсири мусбат мерасонд, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Дар вилояти Хатлон аз раиси феълии ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон, ки қаблан дар Ҷайҳун ва Шаҳритус раис буд, низ ба сифати ташаббускори иқдомоти ҷолиб ном мебаранд. Хоса як иқдомаш  барои ҳалли мушкили норасоии табибон хеле ҷолиб ҳам будааст: ӯ хароҷоти тӯйи ҷавононеро ба зимма гирифтааст, ки аз деҳоти дурдаст бо духтари хатмкардаи коллеҷи тиббӣ оиладор шаванд.

Мегӯянд иқдоми ба курсҳои ронандагии ройгон ҷалб кардани ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба аскарӣ мераванд, ба раиси собиқи ноҳияи Қубодиён Саъдулло Бекназаров мутааллиқ асту баъдан навоҳии дигар онро амалӣ кардаанд. Ин нафар ҳамчунин дар деҳоти марзӣ 10 000 дона радиоприёмник тақсим кардааст, то мардум хабарҳоро аз манбаъҳои ватанӣ дарёфт кунанд.

Раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода бошад, ба хотири ҳалли норасоии муаллимон дар мактабҳои деҳоти дурдаст ду соли ахир ба зиёда аз 100 омӯзгор замини наздиҳавлигӣ дод. Дар натиҷа омӯзгорон аз навоҳии дигар ҳам ба деҳоти дурдасти ин ноҳия омадаву меоянд.

Раиси навтаъини шаҳри Бохтар Файзулло Баротзодаро бошад шоҳидон тақрибан ҳар ҳафта дар даст бел медидаанд, ки дар шанбегиҳо шахсан иштирок  мекунад. Воқеан, ин иқдом аслан аз раиси собиқи ВМКБ Ёдгор Файзов ба ёдҳо мондааст...

Дар бораи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳам баъзан матолиби ҷолиб мехонем. Хадамоти матбуотиаш баъзан аз кӯчаву бозорҳо гузориш пахш мекунанд, ки раиси вилоят гузар кардаву аз мардум ҳолу аҳвол ё нарху наворо пурсидааст. Аёдати собиқадорон ва шахсиятҳои хидматкарда низ аз мавзӯъҳоест, ки номи Раҷаббой Аҳмадзодаро вирди забонҳо мекунад.

Дар шимоли мамлакат раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода низ нисбатан фаъол менамояд. Зимистони имсол аз хабарҳои бахши матбуотии ин ноҳия як иқдомеро хондем, ки боис ба таваҷҷӯҳи хос буд: ташкил шудани “Шӯрои муросо”  ба хотири пешгирии пошхӯрии оилаҳо, содир шудани ҷиноятҳо дар оила, сӯиқасд ба ҷони худ ва ҳодисаҳои ба ин монанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

 Дуруст аст, ки Шӯро дар назди худ мақсад гузошт, ки дар масъалаҳои вобаста ба “аз байн бурдани пӯшидани либосҳоии бегона” ва  даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳам талош намояд. Аммо муҳимтарин ҷузъи ин ниҳоди ҷамъиятӣ ҳамоно масоли вобаста ба пошхӯрии оилаҳо буд, ки дар тамоми мамлакат ба як раванди манфӣ табдил ёфтааст.

Мутаассифона “Шӯрои муросо” доимамалкунанда набудааст ва фаъолияти худро  1 март ҷамъбаст кард. Вобаста ба фаъолияти он навиштанд, ки 21 масоили оилавиро мавриди муҳокима қарор дода, “як қатор оилаҳои ноустувор ба муросо ва  эътидол оварда шуд”.

Воқеан, ин иқдом метавонад дар навоҳии дигар идома ёбад.

Дар минтақаҳои атрофи Душанбе аз раиси собиқи шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода мешавад мисол овард, ки даҳ сол ин шаҳрро роҳбарӣ намуд. Махсусан солҳои аввали роҳбариаш як иқдоме дошт, ки натиҷаи хеле мусбат ба бор овард: ӯ чанд бор ба шаҳру минтақаҳои Русия рафта, бо соҳибкорони сокини шаҳри Ваҳдат мулоқотҳо анҷом дод ва онҳоро ба ободкорӣ дар зодгоҳ даъват намуд. Хеле аз пешрафтҳои шаҳри Ваҳдатро маҳз ба ҳамин ташаббус нисбат медиҳанд...

Хулоса, ба назар мерасад, ки албатта роҳбарони нисбатан ташаббускор дорем. Аммо онҳо бо кадом сабабе солҳои охир фаъол нестанд ва агар коре анҷом медиҳанд, худро зери номи президент пинҳон мекунанд.

Барои чӣ?

Ҳудуди даҳ сол пеш Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи ҳукумат Холмурод Раҳмонро, ки зикраш болотар рафту он вақт раиси ноҳияи Шаҳритус буд, аз ҷо баланд карду гуфт ташаббускориҳои ӯро боре таъриф кардаву раиси ноҳияро дар ҳолати вазнине қарор додааст. Зеро сохторҳои зиёде ба санҷишу тафтиши фаъолияти Холмурод Раҳмон сар мекунанд ва танҳо бо дахолати президент аз ин ҳолат раҳо мешавад.

Худи Эмомалӣ Раҳмон ба назар мерасад ташаббускоронро дӯст медорад. Ба ҳар сурат, ӯ боре дар яке аз ҷаласаҳо, ки дар ноҳияи Данғара сурат гирифт, аз ташаббуси худ замони директори совхози ба номи Ленин буданаш нақл кард. Гуфт, ки дар сатҳи ноҳия ва вилояти собиқи Кӯлоб ӯро шунидан нахостанд ва ӯ шабона ба Душанбе омаду саҳари барвақт дар Душанбе масъалаи вобаста ба таъмини обро ҳал карда, ба ҷои кораш баргашту ҳамаро дар ҳайрат монд.

Тасаввур намоед, ки ин ҳолат дар замони диктатураи шӯравӣ иттифоқ афтодааст. Аммо ҳоло дар шароити истиқлол ва зери роҳбарии нафаре зиндагӣ дорем, ки ҳатто дар замони побарҷоии СССР аз худ ташаббускорӣ нишон медодааст. Пас чаро зертобеони ӯ намехоҳанд ташаббусро ба даст бигиранду танҳо пас аз дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон коре мекунанд?

Ин савол ҷавобҳои ҷолиб пайдо кард, вақте онро ба муҳокимаи таҳлилгарону коршиносон гузоштем...

Чаро Аваз Кабиров ва Раҳими Ғармиро дар ТВ таблиғ намекунанд?

Бархе таҳлилгарон зимни сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки ташаббускор набудани мансабдорони тоҷикро ба марказгароӣ рабт додан баҳонае беш нест.

Масъалаи асосӣ ба он бармехӯрад, ки дар мо ҷузъҳои кишвари автократӣ ҳарчӣ қавӣ мешаванд, - мегӯяд яке аз таҳлилгарон бе зикри ном.

Коршиносоне ҳам ҳастанд, ки мавзӯъро ба “тафаккури инерсионии шӯравӣ” нисбат медиҳанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, масъаларо ба сиёсати нодурусти кадрӣ нисбат медиҳад.

“Ба назар мерасад, мансабдорон ҳар қадар маддоҳу бе ташаббусу маҳдуд бошанд, мансабашонро бештар ҳифз мекунанд. Зеро фаъолтару мустақил будан боиси нороҳативу нигаронии доираҳое мегардад. Ташаббускориву мустақилият метавонад боис ба пайдо шудани шахсиятҳои нав гашта, ба манфиати он гурӯҳҳои таъсиррасон халал расонад”, - мегӯяд ӯ.

Яке аз вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи дурдаст ва огоҳ аз вазъи минтақаҳо ба ин назар аст, ки беташаббусии мансабдорон асосан ба бовар надоштани онҳо ба нерӯи зеҳниашон рабт мегирад.

Шокирҷон Ҳакимов
Акс аз DW

“Ин гунаҳо лоақал рафтору муносибати ба мансабдор наздик дошта бошанд, хеле гап аст. Барои ташаббускор будан бояд дар ин бора фикр кард. Зеҳни бархе мансабдорон танҳо ба ҷамъ кардани ғановат банд асту дили ба ватану Пешвои миллат месӯхтагӣ надоранд”, - гуфт ӯ дар сӯҳбати бе зикри ном.

Аммо Абдуқодир Талбаков, ки дар гузашта роҳбарии шабакаҳои ТВ ва радиоро ба зимма дошт, мегӯяд масъалаи асосӣ дар заъфи бахши матбуотиву идеологии ҳукумат ниҳон аст.

“Ин ки Эмомалӣ Раҳмон ташаббускор аст, барои ҳама маълум. Аз ҷумла, ташаббусҳои ӯ дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта мешаванд. Вале  вақте як тоҷир дар як ноҳия бо маблағи худаш мактаб ё кадом корхона месозаду бахши матбуотиву идеологии ҳукумат онро ҳамчун ташаббус ё ибтикори Пешвои миллат муаррифӣ мекунад, ин пеш аз ҳама заъфи ин ниҳодҳоро нишон медиҳад, ки кори худро ба таври касбӣ карда наметавонанд. Маҳз онҳоанд, ки матнҳои якнавохти қолабиро дар расонаҳои давлатӣ ҷойгир кардаанд ва ҳама чиро ба Президенти Тоҷикистон нисбат доданӣ мешаванду “хизмати хирсона” мекунанд. Фикр намекунам ҷаноби президент чунин супорише дода бошад, ки дар ҳар матн, баҷову беҷо номи ӯ гирифта шавад”, - мегӯяд ӯ.

Як мушкили дигар ба гуфтаи Талбаков дар фаҳмиши ғалатест, ки ташаббусро “худнамоишдиҳӣ” мефаҳманд.

“Албатта ин ҳам ҳаст, ки дар мо ташаббускоронро дӯст намедоранд. Барои ҳамин, баъзан бо “кӯмаки” нафароне бо мақсадҳои мушаххаси манфиатхоҳӣ ташаббускорон якбора зери “таваҷҷӯҳи” ниҳодҳое қарор мегиранд ва санҷишгар болои санҷишгар ба коргоҳаш хоҳад буд. Дар натиҷа, дигарон ташаббускориро чизи зарарнок ҳисоб мекунанд”, - изҳор медорад Абдуқодир Талбаков.

Ин дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ ҳар нафари ташаббускор бояд аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёбад. Хоса дар замони бӯҳронии имрӯз.

“Барои ин бояд ташаббускорон таблиғ шаванд, дар бораашон филму барномаҳои касбии телевизионӣ ташкил намоянд, то ба дигарон ангеза диҳад. Масалан дар бораи ташаббусҳои соҳибкорони муваффақамон мисли соҳибмулки “Султони Кабир” Аваз Кабиров, Раҳими Ғармӣ ё Саймурод Давлатов оё тариқи шабакаҳои ТВ ё радио Шумо барномае дидеду шунидед? Не, ҳарчанд ташаббуси инҳо бояд сархати расонаҳои давлатӣ бошад. Шояд аз сари тарс, ё ҳасад бошад, шояд метарсанд, шояд роҳбарони радиову ТВ ягон дастури пинҳонӣ аз куҷое гирифтаанду чунин иқдомҳоро роҳандозӣ намекунанд”, - мегӯяд Талбаков.

Абдуқодир Талбаков
Акс аз Радиои Озодӣ

Ташаббускорӣ бар зарар ҳам ҳаст?

Яке аз таҳлилгарони дар гузашта фаъол дар ниҳодҳои давлатӣ зимни сӯҳбат бо мо гуфт, мансабдорони моро бе ташаббус гуфтан мумкин нест, “чун агар ташаббус намедоштанд, хело аз навгониҳои имрӯза пайдо ҳам намешуданд”.

Аммо ӯ ҳам розӣ аст, ки мансабдорон дар фазои иттилоотӣ ва ҷаласаҳо ташаббускор нестанд ва ин ба гуфтаи ин таҳлилгар сабабҳои ба худ хос дорад, ки онҳоро чунин тақсимбандӣ кардан мумкин аст:

Якум, дар сиёсати давлатӣ такмил, гардиши усулӣ ё комилан чизи нав хеле ба таври оҳиста ҷараён мегирад, чунки агар ба зудӣ тағйир ёбад, ба фаъолияти ниҳодҳои гуногуни давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Сиёсати калони давлатӣ бо чанд сенарияи эҳтимолӣ тарҳрезӣ мешавад ва мувофиқ ба таҳдидҳою чолишҳо самти худро муайян мекунад.

Дуюм, “ташаббускорӣ” бо чунин падидае чун “популизм” хело наздик аст. Аз ин рӯ, дар таҷрибаи давлатҳои дигари пешрафта дидан мумкин аст, ки чӣ гуна сиёсатмадорон гуё бо “ташаббускорӣ”, вале амалан бо “популизм” машғуланд.

Сеюм, мо шоҳиди чанд ташаббускории ходимони давлатии Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ шуда будем. Барои мисол: яке аз муовинони роҳбари “Роҳи оҳани Тоҷикистон” баъди гарм шудани равобит бо Ӯзбекистон (агар хато накунам, соли 2018) изҳорот дод, ки Идораи Роҳи оҳани мамлакат бо ҳамкорони ӯзбекистониашон ба мувофиқа расиданд, ки аз қитъаи дохилии он кишвар (бидуни убури қаламрави Туркманистон) кашонидани молу колоро ба роҳ мемонанд. Он вақт ин иқдом ниҳоӣ нашуда буд ва дар шакли лоиҳа вуҷуд доштаст. Баъди ин нишасти хабарии Идораи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҷониби Туркманистон ба Душанбе як нотаи эътирозӣ равон кард ва зикр намуд, ки “мо шарик ҳастем ва Шумо бояд аз роҳи оҳани мо истифода кунед”. Вақте ба даъвати Ашқобод таваҷҷӯҳ нашуд, аз соли 2019 Туркманистон роҳи автомобилгарди худро барои нақлиёти Тоҷикистон баст. Бинобар ин, ташаббускорӣ на ҳама вақт ба фоидаи мо тамом мешавад, чун вобастагиҳои муайяне аз кишварҳои беруна дорем. Аз ин рӯ, манфиатҳои миллиро қурбони лаҳзаи ташаббускорӣ кардан иштибоҳ аст.

Чорум, “ташаббус” он гаҳ бояд муаррифӣ шавад, ки тамоми паҳлӯҳои масъала пажӯҳиш, хулосабарорӣ ва сенарияҳои эҳтимолии он ба назар гирифта шудааст. Дар чунин ҳолат он ба манфиатҳои миллӣ зарар нарасонида, баръакс ба нафъи миллӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.