Тасмими сафар ба Арманистон аввали моҳи июни соли равон гирифта шуд ва ангезаи он ҳам табодули таҷриба дар соҳаи рӯзноманигорӣ, махсусан дар бахши тадқиқоти журналистӣ ва санҷиши далелҳо ё “фактчекинг” буд. Дастандаркорони барнома интихоби кишварро озод гузоштанд, ман аз рӯйи самти фаъолияти расонаҳо Арманистон ва Молдоваро интихоб кардам. Чунки дар миёни 16 расона аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупо, танҳо ду расонаи ин кишварҳо ба тадқиқоти журналистӣ машғул буданд ва омодагии худро барои қабули журналистони тадқиқотгар изҳор карданд.

Ҳамин тариқ, дар охири моҳи июл посухи мусбат омад, ки ман барои табодули таҷриба ба яке аз расонаҳои Арманистон –Hetq.am гузаштаам. Рӯзи дигар бо роҳбарияти ин расона тариқи онлайн суҳбат кардем ва онҳо аз таҷрибаву фаъолияти ман дар самти рӯзноманигорӣ, махсусан тадқиқоти журналистӣ пурсиданд ва банда аз шарту шароит ва тарзи баргузории табодули таҷриба огоҳ шудам. Тасмим гирифта шуд, ки барномаи сафарро барои 6 ҳафта тартиб диҳам. Баъди омода гардидани барномаи сафар онро чанд маротибаи дигар “чоку бур” кардем ва ниҳоят хулоса шуд, ки давоми 1 моҳу 15 рӯз ман дар Арманистон чӣ кор хоҳам кард.

Аз пешниҳоди дархост наҳаросед!

Инҷо мехоҳам перомуни таҷрибаи пур кардани варақа ё дархости иштирок дар чунин барномаҳо каме истам. Воқеан, дар бораи ин барнома тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шудам ва вақте эълони онро дидам, гумон доштам, ки ҳеҷ гоҳ наметавонам онро пур кунам. Чунки қариб 15 савол дошт ва талаб мешуд, ки ба ҳамаи он посухи муфассал диҳам. Баъдан, маълум шуд, ин як ваҳми дохилӣ будааст ва рӯзе болои он нишастам ва давоми 8 соат бо кӯмаки дустон (бештар барои таҳрири тарҷума бо забони русӣ кӯмак карданд) пур кардам. Ҳамаи саволҳо ба якдигар алоқаман буданд. Яъне вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон ё дархостеро барои ширкат дар чунин барномаҳо мебинед, аз саволу талабҳои онҳо наҳаросед ва фикру зикрро ҷамъ карда, дилпурона пур кунем.

Роҳҳои сермошини Душанбе

Масуълини барномаи сафар ба иттилои мо расониданд, ки пеш аз рафтан ба кишварҳои қабулкунанда, ҳамаи иштирокдорон дар Туркия ҷамъ мешаванд. Ин иқдом бо мақсади бо якдигар шинос шудани иштирокдорон ва гирифтани маълумоти бештар дар бораи барнома роҳандозӣ гардид. Ҳамаи мо  аввал ба Туркия сафар кардем, он ҷо се рӯз истодем  ва баъдан ман роҳи Арманистонро пеш гирифтам.

Ман тавассути хатсайри Душанбе - Олмотӣ ба Туркия бояд мерафтам. Сафарам иттифоқан ба рӯзи баргузории ҷаласаи панҷуми Машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Конфронси минтақавии оид ба ҳифзи баҳри Арал дар Душанбе рост омад. Он рӯз бештари роҳҳо дар Душанбе баста буд ва аз хона то ба фурдугоҳ, ки ҳадди ақал 15-20 дақиқа аст, дар 1 соату 20 дақиқа рафтам: дар роҳҳо мошинҳо тамба шуда буданд. Хушбахтона, ин чизро ба назар гирифта, аз хона ҳудуди як соат пештар баромада будам.

Фурудгоҳи Душанбе: 100 сомонӣ барои 100 метр

Муносибати кормандони Фурудгоҳи Душанбе зоҳиран хуб буд, то замоне, ки як дӯстамро дар онҷо вохӯрда, аз як корманди фурудгоҳ кӯмак хостем. Бо ин дӯст, ки чанд вақт надида будем ва баъди пурсупос маълум шуд, ки ӯ барои ширкат дар як машғулият ба Олмотӣ меравад.

Фурудгоҳи Душанбе

Вақте аз кору зиндагии якдигар мегуфтем, ба ӯ занг заданд ва ба хотираш оварданд, ки бояд як миқдор маблағро расонад. Азбаски ӯ аллакай гузаргоҳи гумрукиро гузашта буд, дигар имкони ба ошёни якуми фурудгоҳ рафтанро надошт. Нафари зангзада, ки чиптаи парвоз надошт, наметавонист то гузаргоҳи гумрукӣ ояд ва маблағро гирад. Ҳарчанд дӯстам мегуфт, маблағро аз Олмотӣ тариқи бонк мефиристад, вале эҳтимол ба дӯсташ сахт лозим буд, ки хоҳиш кард, бо ягон роҳе расонад. Дар як ҳолати аҷиб будем, ӯ наметавонад ба пеши мо ояд ва мо ҳам наметавонем ба поён равем. Дар дохили кишвари худ дар фосилаи камтар аз 100 метр.

Ҳамин тариқ, ман пешниҳод кардам, ки ба яке аз кормандони фурудгоҳ пулро медиҳем, то ба поён расонад. Баъди пурсиши чанд нафар, марди миёнсоли тақрибан 45-солаеро пайдо кардем, ки зоҳиран корманди фурудгоҳ буд (“бейҷик”-аш тасдиқ мекард) ва арзамонро ба ӯ гуфтем. Ӯ ҳам баъди хоҳиши зиёди мо розӣ шуд, ки ба мо кӯмак кунад. Хулоса, ӯ маблағро бурда расонид ва гӯё ин кор ҳал шуд.

Маълум гардид, ки барои хурсандӣ ҳоло барвақт аст. Дӯстам дубора ба ман гуфт, ки ӯ аз беаҳамиятӣ ҳамаи маблағи заруриро равон накардааст ва бояд як миқдори дигарро ҳам фиристад. Дубора паси ҷустуҷӯи шахсе шудем, ки маблағи боқимондаро расонад.

Аз он марди миёнасол, ки ҳоло дар назди рафиқи дӯстам буд, тариқи телефон хоҳиш кардем, ки маблағи боқимондаро ҳам расонад. Ӯ дар аввал розӣ нашуд ва баъд гуфт, агар 100 сомонӣ диҳем, кӯмак кунад. Вақте ба ӯ пули камтар пешниҳод кардем, розӣ нашуд. Хулоса кардем, ки аз пешниҳоди “пора” худдорӣ кунем.

Дубора паси ҷустуҷӯи нафари дигар шудем. Тамизкоре розӣ шуд, ки кӯмак кунад ва пас аз 10-15 дақиқа маблағро расонид.

Ба он тамизкор сипосу офарин гуфтем. Баъди чанд дақиқа марди аввал кӯмаккарда наздамон омад ва гуфт, ки розӣ аст бо 10 сомонӣ бори дигар “кӯмак” кунад.

Албатта, кирдори ин мардро наметавонам маҳкум кунам, чун ӯ аллакай бори аввал бидуни талаби ҳақ ба мо кӯмак кард ва талаби маблағ барои такрори “кӯмак” шояд дуруст буд. Аммо талаби 100 сомонӣ барои камтар аз 100 метр ҳам аз рӯйи инсоф нест.

Аз он андеша кардам, ки агар ба ҷойи мо сайёҳе ва он ҳам аз хориҷа мебуд, бо чӣ мушкил ва “роҳҳал”-и он рӯбарӯ мешуду чанд пул сарф мекард ва бо чӣ таассурот Тоҷикистонро тарк мекард.

Муаллиф

“Вабо”-и кишварҳои псошӯравӣ ва муносибати дурушт бо ҳиҷобпӯшу ришдор

Хулоса, бе мушкил соати 21:50 ба фурудгоҳи Олмотӣ расидем. Аз сабаби он ки чанд тайёра якбора фуруд омада буд, сарборӣ дар кори фурудгоҳ мушоҳида мешуд. Кормандони Фурудгоҳи Олмотӣ бо истифода аз фурсат дӯстону шиносҳои худро тариқи гузаргоҳи махсус бо ҷамъи шиносномаҳояшон аз гузаргоҳи гумрукӣ мегузарониданд. Ман ин чизро бори аввал як сол пеш дар фурудгоҳи Душанбе назорат карда будам, ки дар пайи он Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигор ва тадқиқотгари хушномамон норозигӣ карда буд. Ҳамон лаҳза нақли як дӯстам ба хотирам омад, ки гуфта буд, ин “вабо”-и аксари кишварҳои пасошӯравӣ аст, ки кормандони фурудгоҳ шиносҳои худ ё одамоне, ки пул медиҳанд, бо ҳар восита бе навбат аз гузаргоҳи сарҳадӣ мегузаронанд.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳи дигар ин буд, ки дар Фурудгоҳи Олмотӣ кормандони гузаргоҳи сарҳадӣ бо занони ҳиҷобпӯш ва мардони ришдор муносибати дурушт доштанд. Онҳоро  зиёд мепурсиданд, ба ҳуҷраҳои алоҳида мебурданд ва баъди 20-30 дақиқа иҷоза медоданд, ки вориди кишвар шаванд.

Ҳамин тариқ, баъди 1,5 соати интизорӣ ба ман ҳам навбат расид ва аз сабаби он ки то парвозам ба Истанбул ҳудуди 10 соат буд, ман ба шаҳри Олмотӣ баромадам.

Душанбе – Олмотӣ – Истанбул - Ирвон

Идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.