Имрӯз дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд (футзал) дар минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббӣ Дамир Камалетдинов бозии аввали худро бо тими Қирғизистон мегузаронад. Вохӯрӣ имрӯз соати 16:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Як рӯз қабл аз оғози мусобиқот бо иштирноки сармураббиёни дастаҳо конфронси матбуотӣ баргузор шуда, дар он сармураббии дастаи Тоҷикистон Д.Камалетдинов изҳор намудааст, ки асоси ҳайати дастаи Тоҷикистонро бозигарони футболи бузург ташкил медиҳанд, зеро то ҳанӯз дар кишвар Лигаи ҳирфаии футболи хурд амал намекунад.
«Мо танҳо акнун барои ҷудо кардани футболи хурд аз футболи бузург ва баргузор намудани чемпионати ҷудогона оид ба футболи хурд кӯшиш ба харҷ медиҳем ва фикр мекунам, ки бо гузашти даҳ сол ин талошҳо самар хоҳанд овард», - гуфтааст ӯ.
Дар робита ба вазифаи даста дар ин мусобиқоти даври интихобӣ сармураббии тими Тоҷикистон зикр кардааст, ки мақсади даста дарёфти роҳхат ба мусобиқоти ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футболи хурд аст, ки соли оянда дар Вйетнам баргузор мегардад.
Вохӯриҳои ин давраи интихобӣ дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» доир мегарданд. Барои дарёфти роҳхат аз гурӯҳи «А» дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистону Ӯзбекистон рақобат мекунанд. Вохӯриҳои дигар дастаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр бо дастаи Ӯзбекистон ва рӯзи 7-уми ноябр бо дастаи Туркманистон баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ба давраи ниҳоии Чемпионати Осиё се даста аз ин гурӯҳ роҳхат мегиранд. Чемпионати ахири Осиё оид ба футболи хурд соли гузашта дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир гардида, дастаи Ҷопон ғолибият ба даст оварда буд.
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста