Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур санаи 18 сентябр маросими қуръакашии мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футзал (футболи хурд) байни ҷавонони то 20-сола дар минтақаи Марказӣ доир гардид.
Бинои ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Ӯзбекистону Қирғизистон қарор гирифт. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Эрону Афғонистон ва Туркманистон шомил шуданд.
Мусобиқаи даври интихобии мазкур аз 1 то 4 декабр дар Тошканд баргузор мешавад. Мувофиқи регламент, аз минтақаи Марказӣ се даста ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд, ки инҳо ғолибони гурӯҳҳо буда, ҳамчунин дастаҳои дар гурӯҳҳо зинаи дуюмро ишғолнамуда дар вохӯрии байни ҳамдигар соҳиби роҳхати сеюмро муайян мекунанд.
Мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футзал байни ҷавонони то 20-сола дар минтақаи Марказӣ
Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистон, Туркманистон.
Гурӯҳи «В»: Ӯзбекистон, ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон.
Тақвими бозиҳо:
Даври 1-ум
1 декабр (шанбе)
Қирғизистон – Ӯзбекистон
Туркманистон – Эрон
Даври 2-юм
2 декабр (якшанбе)
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Афғонистон – Туркманистон
Даври 3-юм
3 декабр (душанбе)
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
Эрон – Афғонистон
Плей-офф
4 декабр (сешанбе)
ҷойи 2-юми гурӯҳи «А» – ҷойи 2-юми гурӯҳи «В».
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста