Варзишгарони номдори тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Баҳодур Усмонов, Шаҳбоз Неъматуллоев, Моҳру Ҳалимова соҳиби Ҷоизаи президенти Тоҷикистон барои пирӯзӣ ва бурдани ҷоизаҳои мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2021 гардиданд.

Дар маҷмуъ, имсол ин ҷоизаро 32 варзишгари тоҷик соҳиб шудаанд.

Маросими ҷоизасупории варзишгарон имрӯз, 1 март дар Кохи “Суруш” бо ширкати масъулини соҳаи ҷавонон ва варзиш, варзишгарону муррабиёни онҳо баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки дар баробари 32 варзишгар, муррабиёни онҳо низ сазовори Ҷоизаи президент дар соли 2021 ва макуфоти пулӣ шуданд.

Ҳарчанд имсол миёни варзишкорони навъи олимпӣ баландтарин дастовардро Сомон Маҳмадбеков дошт, ки дар Чемпионати ҷудои Осиё медали нуқра ба даст оварда буд, аммо дар ин маросим Темур Раҳимов "Беҳтарин варзишгар дар варзишҳои навъи олимпӣ" миёни мардон эътироф шуд. Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷудои Осиё медали биринҷӣ ба даст оварда буд. 

Кумитаи ҷавонон ва варзиш

Мижгона Самадова "Беҳтарин варзишгар дар варзишҳои навъи олимпӣ" миёни занон эълон шуданд. Самадова имсол дар Чемпионати бокси Осиё медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Акмалиддин Каримов, ки соли 2021 дар сабқатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон Чемпиони ҷаҳон шуд, "Беҳтарин варзишгар дар варзишҳои ғайриолимпӣ" эълон шудааст.

Абдулло Маҳмадализода, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба "Азия-Плюс" гуфт, ки касоне, ки сазовори унвони "Беҳтарин варзишгар"-ро дар риштаҳои варзиш ба даст оварданд, сазовори 15 ҳазор сомонӣ ҷудо аз дастовардҳои дигари варзишияшон шуданд.

Дар ҳамин ҳол варзишгари пуровозаи тоҷик ва қаҳрамони самбои ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов, ки соли 2021 дар Тошканд дар баробари Акмалиддин Каримов ба финали мусобиқот расид ва дар вазни -64 кг медали нуқра ба даст овард, ба ин маросим даъват нашудааст ва ба ӯ ҷоизае ҳам дода нашудааст.

Абдулло Маҳмадализода, мегӯяд, ки сабаби ҷоиза дарёфт накардани Хушқадам Хусравов ин ба низомномаи Ҷоизаи президент барои варзишгарон мувофиқат накардаи сатҳи дастоварди варзишии ӯ дар соли 2021 мебошад. Аммо бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки чӣ гуна барандаи медали тиллои як мусобиқа соҳиби ҷоиза мешаваду аммо барандаи медали нуқраи ҳамин мусобиқа ба низомнома мувофиқат намекунад.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта ҳато барандагони медали биринҷии Чемпионати самбои ҷаҳон низ соҳиби ин ҷоиза шуда буданд.

1/21

Дар маросими ҷоизасупорӣ, варзишгароне чун Шоира Зулқайнарова, Миҷгона Самадова, Дурандеш Зубайдов, Руслан Ғафуров, Шаҳбоз Дадаҷонов, Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Бузургмеҳр Исканов, Анушервон Фозилов, Бибиҷон Музаффарова,  Муҳаммад Ҷабборов, Юсуф Фозилов, Абдураҳим Ёқубов, Абубакр Муродов, Акмалҷон Абдуллоев, Эрматов Нурланбек, Сироҷиддин Ҳоҷибобоев, Рустами Исканбек, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Парвиз Абдураҳмонов, Давлатҷон Назриев, Масъуди Аҳмадзод, Муҳаммад Юсуфзода, Абубакр Шеров, Далер Ризозода ва Суруш Эркаев ҳамроҳи мураббиёни худ барои пирӯзӣ ва бурдани ҷоизаҳои мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2021 сазовори Ҷоизаи президенти Тоҷикистон дар соли 2021 гардиданд.

Гуфта мешавад, ки ва миқдори маблағи Ҷоизаи президент вобаста ба намуди намуди варзиш ва дастоварди варзишӣ аст.

Чанде пеш, масъулини Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар нишатси матбуотии ин ниҳод гуфта буданд, ки дар низомномаи ҷоизаи президент, ки ба варзишгарон тақдим мегардад, чор намуди мусобиқа ба назар гирифта мешавад: барои ҷои якум дар бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, чемпионати ҷаҳон аз намудҳои олимпӣ 250 ҳазор сомонӣ, бозиҳои Осиё 150 ҳазор сомонӣ ва чемпионати Осиё 75 ҳазор сомонӣ. Барои ҷойи дуввум ва сеюм ҷоизаи пулии ҳаҷмаш нисбатан камтар дода мешавад

Ёдрас мешавем, ки соли 2020 ҳамагӣ 4 нафар соҳиби ин ҷоиза шуда буданд. Соли 2019 42 варзишгар аз рӯи 10 навъи варзиш ба ин ҷоиза сазовор гардида буданд. Соли 2018 69 нафар ҷоизаи президентро гирифтанд.

Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба варзишгарони беҳтарин соли 2015 таъсис дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.