Аз 30 апрел то 14 май дар пойтахти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон баргузор мешавад, хабар медиҳад Федератсияи миллии бокси кишвар.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин чемпионат инҳо шомил шудаанд: Меҳрон Шафиев (до 48 кг), Меҳроб Ҳамидов (то 51 кг), Меҳроҷ Зоидов (то 54 кг), Асрор Воҳидов (то 57 кг), Абӯбакр Муродзода (то 60 кг), Баҳодур Усмонов (то 63,5 кг), Расул Аҳадов (то 67 кг), Довуд Маҳкамов (то 71 кг), Некрӯз Салимов (то 75 кг), Шаббос Неъматуллоев (то 80 кг), Парвиз Каримов (то 86 кг), Давлат Болтаев (то 92 кг),  Муҳаммад Аброриддинов (зиёда аз 92 кг).

Варзишгаронро дар чемпионат ноиби президенти федератсия Аббос Неъматуллоев, сармураббӣ Алӣ Бобоҷонов ва мураббиён Хуршед Ҷӯраев, Рустам Музаффаров ва Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунанд.

То ин дам барои иштирок дар чемпионат зиёда аз 700 нафар боксчиён аз 105 давлат дар 13 вазн миёни мардон ба қайд гирифта шудаанд.

Мусбоиқа бо маросими тантанавии ифтитоҳ 30 апрел оғоз гардида, рақобатҳои аввал 1 май ва қувваозмоиҳои финалӣ - рӯзҳои 13 ва 14 май пешбинӣ шудаанд.

Қаблан президенти Федератсияи байнулмилалии бокс (АIBA) Умар Кремлёв эълон кард, ки фонди умумии ҷоизавии чемпионат 5,2 млн долларро ташкил медиҳад, ки дар тӯли тамоми таърихи бокси ғайриҳирфаӣ (любителский) рекордӣ мебошад.

Ғолиби ҳар кадоме аз вазнҳо 200 ҳазор доллар, зинаи дуюм - 100 ҳазор доллар ва дорандагони медалҳои биринҷӣ - 50 ҳазор долларӣ мукофотпулӣ мегиранд.

Кишварҳои Ғарб бинобар сабаби иштироки варзишгарони Русия ва Беларус, ба Чемпионати бокси ҷаҳон - 2023 таҳрим эълон карданд.

Дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон Тоҷикистон ҳамагӣ се медали биринҷӣ ба даст овардааст. Ба дарёфти онҳо Абдусалом Ҳасанов (вазни то 57 кг) соли 2003 дар Таиланд, Шералӣ Достиев (то 48 кг) соли 2005 дар Чин ва Анвар Юнусов (то 56 кг) соли 2011 дар Озарбойҷон ноил гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.