Аз рӯи натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имрӯз, 11-уми май, дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” қарор гирифт ва рақибони он мунтахабҳои Қатар, Лубнон ва Чин интихоб шуданд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ва мудири тими миллии кишвар Беҳрӯз Айниддинзода ширкат карданд.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 дастаӣ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳангоми қуръакашӣ ба сабади чаҳорум якҷо бо Ҳиндустон, Тайланд, Малайзия, Ҳонконг ва Индонезия ворид шуда буд.
Ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.
Натиҷаи ниҳоии қуръакашӣ чунин аст:
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста