Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) кишварҳоеро, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-соларо мизбонӣ мекунанд, эълон кард.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, КФО 11 кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Таиланд ва Ветнамро барои мизбонии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) интихоб кардааст. Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-сола аз 4 то 12 сентябр сурат мегиранд.

“Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола рӯзи 25 май дар қароргоҳи КФО воқеъ дар Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, з рӯи натиҷаи қуръакашӣ 44 даста ба 11 гурӯҳ тақсим мешаванд. Ғолибони гурӯҳ ва инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюмро ишғолкарда ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.