Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» эълон кард, ки рӯзи 10 феврал бо иштироки ҳайати сохтори авиатсионии ҷумҳурӣ ба пойтахти Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд парвози озмоишӣ анҷом доданист.

«Раҳбарияти ширкати «Сомон Эйр» ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои тадорукотӣ оид ба ифтитоҳи хатсайр бо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Тошканд ва ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» гуфтушунид карданист», - хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.

Гуфта мешавад, роҳандозии парвози мунтазам тариқи хатсайри Душанбе - Тошканд аз 20 феврал дар назар аст. Вақти эҳтимолии парвоз аз Душанбе - соати 10-00 ва аз Тошканд соати 12-00 пешбинӣ мешавад. Вақти парвоз 45 дақиқа аст.

Ба иттилои манбаъ, ширкат парвозҳо аз Душанбе ба пойтахти Ӯзбекистонро то охири мавсими зимистона ҳафтае як бор – рӯзи душанбе  ва дар мавсими тобистон ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монданист.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода чанде қабл зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Тошканд метавонад баъди имзои созишномаи дахлдори байниҳукуматӣ оғоз гардад, ки айни замон мавриди баррасии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад.

Ҳамчунин директори генералии ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» Валерий Тян низ қаблан ба ВАО-и кишвараш гуфта буд, ки ояндаи наздик парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон барқарор шуда, дар ин самт созишномаи байниҳукуматӣ пурра ислоҳу коркард ва барои баимзорасӣ омода аст.