Парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Тошканд метавонад баъди имзои созишномаи дахлдори байниҳукуматӣ оғоз гардад, ки айни замон мавриди баррасии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад.

Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки барои ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанбе анҷоми расмиёти дахлдор зарур буда, айни замон ширкатҳои ҳавопаймоии аз ҷониби тарафҳо таъиншуда дар ин самт ба корҳои ифтитоҳи намояндагиҳои худ машғуланд.

Ганҷалзода таъкид дошт, ки аз ҷониби Тоҷикистон парвозҳо бо ин хатсайрро ширкати хусусии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ӯзбекистон - ширкати миллии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» анҷом медиҳанд.

Дар робита ба имконоти ин хатсайр муовини вазир зикр кард, ки «шумори мусофиронкашонӣ тариқи ин хатсайр ба ҳаллу фасли масъалаи раводид вобаста аст, ки ба салоҳияти Вазорати мо дохил намешавад».

Қобили зикр аст, ки феълан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон реҷаи раводид амал мекунад.

Рӯзи 28 декабри соли гузашта аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе протокол ба имзо расид.

Чанд рӯз қабл директори генералии ширкати миллии ҳавонапаймоии Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» Валерий Тян ба ВАО-и кишвараш гуфта буд, ки ояндаи наздик парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикиситон барқарор шуда, дар ин самт созишномаи байниҳукуматӣ пурра ислоҳу коркард ва барои баимзорасӣ омода аст.