Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Италия дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) Риккардо Манар масоили иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи ЭСКПО-2015 дар шаҳри Милан мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, Шариф Саид ба меҳмон дар бораи самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, ҳамкории ҷумҳурӣ бо Палатаи савдои Вентсия ва мақомоти Савдои хориҷии Италия (ИЧЕ), ки дар Душанбе барои тоҷирони тоҷик курсҳои омӯзишӣ доир намуд, маълумоти муфассал дода, минбаъд низ идомаи ҳамкориҳо дар бахши омӯзиши кадрҳо дар бахши тиҷоратро дархост намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Италия дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук ва кӯҳкорӣ, сохтмон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, телекоммуникатсия ва сайёҳиро низ баррасӣ карданд.