Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Афиони Туркия вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбарони ширкатҳои коркард ва истеҳсоли мармар «Karamehmet», «Yuksel Mermer» ва Ассотсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони озоди Афион «Husriad» баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ бо корхонаҳои мазкур, инчунин таъсиси корхонаи коркард ва истеҳсоли мармар дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин аз корхонаҳои коркард ва истеҳсоли мармар боздид ба амал оварда шуд.

Ба иттилои манбаъ, Роҳбарони ширкатҳои мазкур тасмим гирифтанд, ки дар соли ҷорӣ ҷиҳати омӯзиш ва кушодани корхонаи коркард ва истеҳсоли мармар ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.

Қобили қайд аст, ки дар шаҳри Афион 700 корхонаи коркард ва истеҳосоли мармар фаъолият мекунанд. Ҳаҷми содироти мармар аз Туркия 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил мекунад, ки аз он 700 миллион доллари ШМА ба шаҳри Афион рост меояд.