ШСХК «Барқи тоҷик» муваққатан лимити истифодаи барқ дар саросари ҷумҳуриро бекор мекунад. Ин туҳфа ба сокинони кишвар ба муносибати таҷлили Рӯзи Конститутутсия ва баргузор намудани интихоботи президенти Тоҷикистон тақдим мегардад.
Котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки шурӯъ аз соати 17:00-и имрӯз, 5 ноябр то соати 11:00-и рӯзи 7 ноябр лимити истифодаи барқ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барҳам дода мешавад.
Ба қавли сухангӯи ширкат, аз рӯзи 7-уми нобяр интиқоли барқ тибқи реҷаи қаблан тасдиқшуда, 9 соат дар як шабонарӯз сурат хоҳад гирифт.
Ширкати «Барқи тоҷик» аз 1-уми ноябр ба реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, акнун дар як шабонарӯз лимит ба 15 соат расонида шуд. Аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифода барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл нахоҳад дошт.
«Бинобар сабаби фарорасии сардӣ ва коҳиши ҳаҷми маҷрои об дар дарёи Вахш ШСХК «Барқи тоҷик» тасмим гирифт, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намояд. Барои назорати риояи реҷаи муқаррашуда ширкат кори телефонҳои боварии шабонарӯзиро ҷонноктар кард. Тавассути телефонҳои 235-86-74, 235-86-84, 610-60-50 ва 295-202 истеъмолгарони барқ метавонанд ба саволҳои худ посух дарёбанд», - шарҳ дода буд ин тасмимро Ёдгорӣ.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи октябр ҷорӣ мегардид. Соли гузашта лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ 7-уми октябр ҷорӣ шуда, панҷ моҳ – то 7-уми марти соли 2013 идома ёфт.
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста