Чанде қабл вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори генералии ҶСП «Газпром ЭП Интернешнл Сервисиз Б.В» Гулев В.Л сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика  ва саноати ҶТ, дар сӯҳбати телефонӣ масъалаҳои оғоз кардани корҳои геологӣ- иктишофӣ, ҷустуҷӯӣ дар майдони ояндадори «Шоҳамбарии ғарбӣ», идома додани корҳои таҳқиқоти геофизикӣ, азхудкунии қабатҳои маҳсулноки чоҳи №1п Шаҳринави майдони Сариқамиш, масъалаҳое, ки зимни сафари Раиси Раёсати ҶСК «Газпром» ба ш. Душанбе оид ба омода намудани кадрҳои соҳаи нафту газ аз ҳисоби ҶСК «Газпром» мувофиқа ҳосил шуда буд, ҳамчунин масъалаҳои дигари ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июни соли равон ширкати Gazprom International корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро, ки дар майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон воқеъ аст, ба нуқтаи ниҳоӣ – 6300 метр расонид.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳо соли 2012 дар Тоҷикистон 1,8 млн. метри мукааб газ истихроҷ шудааст.

Аввали моҳи октябри соли ҷорӣ роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов маълумот дар бораи зиёд шудани саҳми Тоҷикистон дар чоҳи пармашудаи «Шаҳринав-1п» дар кони Сариқамишро рад кард.