Ҳайати ширкати TeliaSonera таҳти раҳбарии президенти TeliaSonera Eurasia Эрик Халлберг рӯзи 1 октябр бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.
Дар Душанбе намояндагони ширкат бо раҳбарияи ширкати фаръӣ дар Тоҷикистон - Tcell ва журналистон вохӯриҳо гузарониданд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби сафар ба Тоҷикистон Эрик Халлберг бо роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Хидает Бишчевич низ дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот мушкилоти макроиқтисодии минтақа, вазъи иқтисод дар Тоҷикистон, шароити мухити сармоягузорӣ ва мушкилоти марбут ба андозбандӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади ҷалби сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон беҳбуди ҷараёни танзим аз ҷониби давлат, андозбандӣ ва ҳалли мушкилот дар дигар бахшҳо зарур буда, ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар созмонҳои байнулмилалӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон баҳри он амалӣ месозад, то ки ба ислоҳот дар иқтисод тавассути ёрии пулӣ ва машварат кумак карда, раванди пешрафтро ҷиддӣ пайгирӣ менамояд.
TeliaSonera - яке аз ширкатҳои бузургтарин дар бозори ҷаҳонии хизматгузориҳои телекоммуникатсионӣ аст. Ширкат моҳи декбари соли 2012 дар натиҷаи ҳамроҳкунии ширкати Sonera-и Финландия бо Telia-и Шветсия таъсис дода шуда, дар Шветсия, Финландия, Норвегия, Дания, кишварҳои Балтика, Озарбойҷон, Русия, Молдова ва дигар кишварҳои узви ИДМ фаъолият дорад.
Дар Тоҷикистон TeliaSonera аз моҳи марти соли 2010 ба фаъолият пардохта, ба ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (нишони молӣ Tcell) маблағгузорӣ мекунад.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста