Дар доираи нишасти нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Бишкек ба намояндагони Тоҷикистону Русия ҳалли масъалаи мушкилоти парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо муяссар нагардид.

Муовини вазири нақлиёти Русия Валерий Окулов ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудаст, ки ин масъала баррасӣ шуда, вале алҳол натиҷае ҳосил нашудааст.

Намояндагони Русия қайд кардаанд, ки рад шудани мувофиқасозии таъини парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ аз фурудгоҳи нави Жуковский ба қатъи парвозҳо миёни кишварҳо боис шуда метавонад ва Маскав интизор аст, ки Душанбе мавқеъашро дар ин масъала тағйир медиҳад.

Мушовири сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба ТАСС гуфтааст, Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар бораи алоқаи ҳавоӣ бо Русия созишномаи нав ба имзо расад ва дар ин хусус рӯзи 24 ноябр дар Душанбе гуфтушунид доир мегардад.

Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ Муҳаммадюсуф Раҳмон ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки парвози ҳавопаймоҳоро Русия 8 ноябр қатъ карда наметавонад, зеро дар номаи расмии расида аз Департаменти сиёсати давлатӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Русия гуфта шудааст, ки ҷадвали парвозҳои ширкатҳои русиягӣ ва тоҷикистонӣ дар мавсими зимистон бояд то 1 декабр тасдиқ карда шавад.

Ӯ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки давоми як ҳафта ширкатҳои Русия ба Тоҷикистон - 35 парвоз ва ширкатҳои тоҷикистонӣ - 21 парвоз анҷом медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан қариб ҳамаи васоити ахбори умуми Русия иттилоъ доданд, ки ҳафтаи оянда Русия метавонад якҷониба парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистонро қатъ кунад. Бино ба маълумоти нашрияи Коммерсантъ, ин ба он вобаста будааст, ки Душанбе ба мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи нави Жуковский хоҳиш надоштааст.