Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба масъалаи мушкилот миёни мақомоти Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар изҳорот пахш намуд.
Дар изҳорот таъкид мешавад, ки мутобиқи созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия аз моҳи сентябри соли 1997, дар хатсайри Душанбе - Маскав - Душанбе ҷадвали парвози ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз фурудгоҳи Душанбе дар як ҳафта тариқи зайл таъин шудааст:
- аз ҷониби Тоҷикистон: «Сомон Эйр» - 7 парвоз ва «Тоҷик Эйр» - 7 парвоз;
- аз ҷониби Русия: «Ют Эйр» - 14 парвоз.
Аз фурудгоҳи Хуҷанд:
- аз ҷониби Тоҷикистон: «Сомон Эйр» - 3 парвоз ва «Тоҷик Эйр» - 4 парвоз;
- аз ҷониби Русия: «Сибир» - 7 парвоз.
Аз фурудгоҳи Кӯлоб:
- танҳо ширкатҳои русиягӣ «Уральские авиалинии» - 4 парвоз ва «Сибир» - 3 парвоз.
Аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа:
- танҳо ширкати русиягии «ВИМ Авиа» - 7 парвоз дар як ҳафта.
«Бо назардошти маълумоти зикргардида ба хулосае метавон расид, ки ҷониби Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоо русиягӣ, ки парвозҳоро анҷом медиҳанд, ҳеҷ эроде надорад, балки баръакс дар ин соҳа афзалиятро дастгирӣ намуда, зимни фаъолияти муштарак ҳеҷ гуна нофаҳмӣ ё риоя нашудани муқаррарот рух надодааст», - таъкид мешавад дар изҳороти департаменти авиатсияи Вазорати нақлиёти ҶТ.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ то охири мавсими зимистони солҳои 2016/2017 иҷозат дода шуда, вале «Росавиатсия» ҷадвали парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистониро танҳо то 8 ноябри соли 2016 тасдиқ кардааст.
Қобили зикр аст, ки дар доираи нишасти нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Бишкек ба намояндагони Тоҷикистону Русия ҳалли масъалаи мушкилоти парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо муяссар нагардид. Муовини вазири нақлиёти Русия Валерий Окулов ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудаст, ки ин масъала баррасӣ шуда, вале алҳол натиҷае ҳосил нашудааст.