Аз 19 декабри соли равон банкоматҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар саросари кишвар фаъол гардида, хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии Бонк шурӯъ мегардад.
Дар маълумоти нашршуда дар сомонаи бонк дар ин робита қайд мешавад, ки ҳар як муштарии Бонк имкон пайдо мекунад, ки ҳамарӯза ба маблағи 100 сомонӣ тавассути банкоматҳо пули нақд дастрас намуда, тавассути пос-терминалҳои Бонк то 200 сомонӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ пардохтҳои ғайринақдиро анҷом диҳад.
«Бонк аз 3 январи соли 2017 бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба баргардонидани маблағҳои амонатии муштариёни тибқи ҷадвали тасдиқшуда оғоз менамояд. Амонатдорон имкон меёбанд, ки дар ҳар моҳ як бор як қисми муайяни маблағҳои амонатии худро бо пули миллӣ ё эквиваленти он бо асъори хориҷӣдар Сарбонк ва филиалҳои Бонк дар муддати то як сол бозпас гиранд», - омадааст дар маълумоти бонк.
Гуфта мешавад, инчунин Бонк барои тақвият бахшидани раванди бозгардонии маблағҳои амонатии муштариён ИҚДОМИ музоядаи фурӯши амволи манқул ва ғайриманқули Бонкро аз қабили, манзил, офис, воситаҳои нақлиёт ва амволи дигар дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эълон менамояд.
«Иқдоми мазкур муддати ду ҳафта идома ёфта, ҳангоми хариди амвол ба амонатдорони Бонк имтиёз ва бартарӣ дода мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки амонатдорон мувофиқи андозаи маблағҳои амонатии худ амволи Бонкро бо истифодаи имтиёзҳо харидорӣ намоянд», - зикр мегардад дар маълумот.
Қайд мешавад, ки ҳамчунин Бонк миқдори муайяни саҳмияҳои худро бо нархи ниҳоӣ ба фурӯш мегузорад, ки иштироки шаҳрвандон дар он озод аст ва алабатта дар харидории саҳмияҳо низ имтиёзи авлавият ба амонатдорон ва муштариёни Бонк дода мешавад.
«Ғайр аз ин, бо ҳар як муштарии Бонк оид ба баргардонидан ё тамдиди муҳлати амонатҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба он суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида мешавад», - таъкид мекунанд дар Бонк.
Зимнан зикр мегардад, ки шурӯъ аз 19 декабри соли равон хатҳои телефонҳои доимофаъол роҳандозӣ мегардад, ки ҳар як муштарӣ метавонад аз ҷойи худ истода бо Бонк тамос гирад ва оид ба навбати худ дар ҷадвали пардохти амонатҳо ва масъалаҳои дигар иттилоъ пайдо намояд.
Ёдрас мекунем, ки аз оғози соли равон «Тоҷиксодиротбонк» ба мушкили камбуди воситаҳои молӣ дучор шуда, хизматгузориҳо ба муштариёни худро пурра анҷом дода наметавонад.
Қобили зикр аст, ки дар ин робита 18 майи соли равон дар «Тоҷиксодиротбонк» маъмурияти муваққатӣ таъин шуда, онро Мирҳаёт Ёқубов роҳбарӣ мекард, ки моҳи сентябр ҳатто аз мансаби худ дар Бонки миллӣ - муовини роҳбари деапртаменти захираҳои байнулмилалии БМТ даст кашида буд.
Ёдрас мекунем, ки Бонки миллӣ Тоҷиддин Пирзодаро ба раёсати Тоҷиксодиротбон» баргардонида, раҳбарияти бонк ӯҳдадор карда шуд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.