Тоҷикистон алҳол ба истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯи меъёрҳои бозори ягонаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) омода набуда, ба рақобатпазирӣ дар он тоб оварда наметавонад.
Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Каримзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита чунин изҳори назар кард, ки маҳсулоти Тоҷикистон алҳол ба рақобат дар бозори ягона дар чаҳорчӯби ИИАО омода нест.
«Пеш аз пайвастан ба ин ё он иттиҳоду созмон, пешакӣ шарту шароит ва қоидаҳои мавҷуда дар онро омӯхтан зарур аст, - иброз дошт ӯ. - Мо бояд донем, ки ба ин бозори ягона чӣ гуна маҳсулот пешниҳод карда метавонем. Масалан, ба мутобиқати маҳсулоти кишоварзиамон ба меъёрҳои ин бозор айни замон шубҳа дорам, яъне мо алҳол ба пешниҳоди маҳсулоти ҷавобгӯи меъёрҳои ин Иттиҳод омода нестем».
Ғайр аз ин, гуфт дар идома Каримзода, мо то ҳол намедонем, ки аз пайвастан ба ин Иттиҳод ба мо чӣ нафъҳое мерасад.
«Қоидаву меъёрҳои ин бозор усулан барои се кишвари дорои имконоти бузурги содиротӣ муқаррар шуда, дар сурати пайвастани мо ба он, дар доираи созишнома мо ба иҷрои ҳамаи талаботи ин бозор маҷбур шуда, маҳсулоти дар кишварҳои узви Иттиҳод истеҳсолшударо бидуни маҳдудият ба бозорамон роҳ медиҳем, - таъкид дошт номбурда. - Чун арзиши аслии маҳсулоти дар кишвари мо истеҳсолмешуда баландтар аст, он гаронтар пешниҳод мешавад ва мутаносибан мо ба рақобати ба ин монанд маҳсулоти истеҳсолшуда дар кишварҳои узви ИИАО то оварда наметавонем».
Зимнан зикр гардид, ки дар маҷмӯъ масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ИИАО мавриди баррасӣ қарор дошта, дар навбати аввал таҷрибаи Қирғизистону Арманистон омӯхта мешавад, чунки иқтисоди ин кишварҳо аз нигоҳи сатҳ ба Тоҷикистон наздиктар аст.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Соли 2016 Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.