Масъалаи омӯзиши ҷараёни узвият ва фаъолияти Қирғизистону Арманистон дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар Тоҷикистон идома дорад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки масъалаи узвияти имконпазири Тоҷикистон ба ин Иттиҳод дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.
«Мо дар ин бора чандин маротиба изҳори назар кардем, - гуфт ӯ. - Ин ҷараёни мароқангез аст, зеро тайи солҳои ахир Арманистону Қирғизистон ба ин Иттиҳод шомил шуда, таҷрибаи онҳо барои Тоҷикистон хеле муфид аст ва айни замон мо ҷанбаҳои омӯзиши ин масъаларо васеъ кардем».
Зимнан зикр гардид, ки Тоҷикистон алҳол ба баргузор намудани гуфтушунидҳо дар ин самт ташаббус зоҳир накардааст.
Қаблан дар Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуда буданд, ки пеш аз пайвастан ба ин ё он иттиҳоду созмон, пешакӣ шарту шароит ва қоидаҳои мавҷуда дар онро омӯхтан зарур аст.
«Мо бояд донем, ки ба ин бозори ягона чӣ гуна маҳсулот пешниҳод карда метавонем. Масалан, ба мутобиқати маҳсулоти кишоварзиамон ба меъёрҳои ин бозор айни замон шубҳа дорам, яъне мо алҳол ба пешниҳоди маҳсулоти ҷавобгӯи меъёрҳои ин Иттиҳод омода нестем», - иброз дошта буд муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Каримзода.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Соли 2016 Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.