Тӯли 9 моҳи соли 2017 захираҳои байнулммилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) босуръат афзуда, то ба сатҳи 5,6 моҳи рӯйпӯш кардани воридот расиданд.

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки ин бештар натиҷаи самараи якдафъаина буда, гувоҳи беҳбуди устувори асосҳои иқтисодӣ нест.

«Афзоиши босуръати захираҳо асосан аз ҳисоби андӯхтани қарзҳо ба вуҷуд омад, ки нашри облигатсияҳои аврупоиро ба маблағи 500 млн. доллар дар моҳи сентябр таҷассум мекунад. Захираҳо ҳамчунин бо харидани тиллои монетарӣ тариқи нашри пулҳои миллӣ ва асъори хориҷӣ низ зиёд карда шуданд, ки ба он чораҳои маъмурӣ мусоидат намуданд», - қайд кардаанд муаллифони гузориш.

Дар дурнамои миёнамуҳлат таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунанд, ки бо барқарор шудани ҳаҷми воридот ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун сатҳи захираҳои байнулмилалии БМТ тадриҷан кам мешаванд.

Аввали моҳи ноябри соли гузашта БМТ изҳор намуд, ки ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва захираҳои умумии хориҷӣ нисбат ба аввали сол мувофиқан 2,4 ва 2,2 маротиба афзуда, нишондиҳандаи устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ дар ин давра аз 2,6 то ба 5,6 моҳи воридотӣ расонида шуд, ки чунин нишондиҳанда дар таърихи Бонки миллӣ аз нишондиҳандаҳои беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Бино ба арзёбии коршиносони байнулмилалӣ, сатҳи ҳадди ақали захираҳои байнулмилалии кишвар бояд се моҳро ташкил диҳад.