Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ оид ба муайян кардани сабабҳои болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ санҷиш гузаронид.

«Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба мувофиқаи нарху тарифҳои хоҷагиҳое машғул мешавад, ки дар бозор мавқеи афзалиятнок доранд. Дар бозори маҳсулоти ғизойӣ хоҷагиҳои афзалиятдошта мавҷуд нестанд, аммо ба ҳар ҳол, мо дар ин бозор санҷиш гузаронидем», - гуфтанд дар хадамот.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни санҷиш маълум шудааст, ки нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ на ба таври сунъӣ, балки муқаррарӣ ва табиӣ боло рафтааст. «Дар мо иқтисоди бозаргонӣ амал карда, арзиши маҳсулоти ғизойиро худи бозор муайян мекунад», - изҳор доштанд дар ин ниҳод.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли гузашта сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ 6,7 фоиз ва ҳиссаи болоравии нархи маҳсулоти ғизойӣ дар сохтори таваррум 4,3 фоизро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.