Вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев санаи 16 ноябр ба Тоҷикистон ташриф оварда, шахсан дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, узви ҳукумати кишвари ҳамсоя ба майдони сохтмони нерӯгоҳ бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон меояд.

Тоҷикистон барои иштирок дар маросими ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ба унвони ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Покистон даъватнома фиристод.

Қаблан зикр гардида буд, ки ба ин маросим намояндагони кишварҳои ҳамсарҳади иштирокчии лоиҳаи CASA-1000, созмонҳои байнулмилалӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар, рӯзноманигорон, аз ҷумла наздики 30 нафар журналистони васоити ахбори умумии хориҷии пешрафта даъват шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” таҳти назорати шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар марҳилаи аввали баъди ба истифода додан (16 ноябр), иқтидори агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 100 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ бо чунин иқтидор тақрибан 350 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад. Иқтидори лоиҳавии он ба 600 МВт баробар аст. Моҳи апрели соли оянда ба истифода додани агрегати №5 дар назар аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст, ки бузургитарин дар минақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.