Вазорати нақлиёти Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи рушди воситаҳои нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 таҳия намудааст, ки дар он пурра аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод кардани воридоти нақлиёти барқӣ пешбинӣ шудааст.
Дар Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Барномаи зикршуда айни замон дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад.
Барои қонунӣ кардани чунин иқдом аз ворид намудани тағйироти дахлдор ба қонунгузории андоз ва гумрук интизорӣ меравад.
Дар доираи лоиҳа инчунин бунёди зерсохтори зарурии густарда, аз ҷумла сохтмони нуқтаҳои ғизодиҳӣ (пур кардани барқ) дар назар аст.
Ҳозир дар кишвар электромобилҳое равуо доранд, ки дастгоҳи ғизодиҳиашон (аккумуляторҳояшон) ба гуфтаи моликони онҳо, дар хона ғизо дода мешаванд, яъне барои барқ ба мисли истеъмолгарони маишӣ маблағ пардохт мекунанд.
Таърифа (тариф)-и барқ барои нақлиёт айни замон дар як сатҳ бо таърифаҳо барои итеъмолгарон - 22,66 сомонӣ (2,2 сент) қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли гузашта президенти Тоҷикистон дастур дода буд, ки воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо, электробус, троллейбус ва дигар нақлиёти ба инҳо монанд пурра аз пардохтҳои андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шавад.
Он замон зимни ироаи паём ба парлумон ӯ инро “мутобиқшавии иқтисоди миллӣ ба тағйирёбии глобалии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии кишвар” маънидод карда буд.
“Дар ин робита ҳукуматро зарур аст, ки барои давра ба давра бунёд кардани зерсохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ чораҷӯӣ кунад”, - илова карда буд президент.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон сӯзишворӣ барои автомобилро қариб пурра аз хориҷи кишвар ворид мекунад, асосан аз Русия (бензин ва сӯзишвории дизелӣ) ва аз Қазоқистон (гази моеъ).
Тоҷикистон имконоти бузурги гидроэнергетикӣ (527 млрд кВт.соат дар як сол) дошта, лекин ҳамагӣ ҳудуди 40% (наздики 21 млрд кВт/соаташ)-и он истифода мешавад.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста