Бақияи қарз аз пардохти андоз то аввали семоҳаи ахири соли равон 1 млрд 70 млн сомонӣ (105 млн доллар)-ро ташкил додааст, хабар медиҳад нашрияи Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон.
Дар хабар гуфта мешавад, ин нишондиҳанда 264 млн сомонӣ (ҳудуди 26 млн доллар) зиёдтар нисбат ба аввали соли ҷорӣ аст.
Бо вуҷуди ин, нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар зарфи 9 моли соли равон 3% барзиёд иҷро шудааст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳудуди 68% аз ҳаҷми умумии даромади буҷети Тоҷикистонро дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ маблағи пардохти андозҳо ташкил медиҳад.
Қаблан тобистони ҳамин сол раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки тақрибан 43% аз ҳаҷми умумии қарз аз андоз ба се шахси ҳуқуқӣ: НБО “Сангтӯда-1” - 244,6 млн сомонӣ, “Тоҷиктелеком” ва сохторҳои он - 123,3 млн сомонӣ ва ҶСК “НБО Роғун” рост меояд.
Ӯ таъкид дошта буд, ки масъулияти пардохти қарзҳои Неругоҳи “Сангтӯда-1” ба дӯши ШСХК “Барқи тоҷик” аст.
Қобили зикр аст, ки қарзи пардохтнашудаи ин неругоҳ аз ҷониби ШСХК “Барқи тоҷик” то охири моҳи октябри соли ҷорӣ ба зиёда аз 2 млрд 545 млн сомонӣ (ҳудуди 250 млн доллар) расид.
Дар сомонаи расмии “НБО Сангтӯда-1” он замон зикр шуда буд, ки аз оғози соли 2022 “Барқи тоҷик” аз ин неругоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд киловатт-соат барқ гирифтааст. Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2022 ҳамагӣ 33% аз арзиши барқи интиқолёфтаро ташкил додааст.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста