Дар моҳи авшусти соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 22,2 млн доллар неруи барқ содир шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда мутаносибан 3,2 млн доллар ва 5,5 млн доллар зиёдтар нисбат ба моҳҳои июл ва июни соли равон аст.
Ба сурати умум, дар зарфи 8 моҳи соли равон Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ беш аз 85,1 млн доллар даромад ба даст овард, ки 3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Аввали ҳамин сол танҳо бо ширкатҳои ду кишвар - Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи интиқоли барқ қарордодҳо ба имзо расида буданд.
Ин кишварҳо дар давраи тобистон дар ҳаҷмҳои пешакӣ пешбинишуда барқ мегиранд. Афзоиши ҳаҷми содироти барқ аз Тоҷикистон ба гумони ғолиб, ба интиқоли қаблан пешбининашуда ба Қазоқистон вобаста аст.
Гап сари он аст, ки 25 августи соли равон президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Остона ба сарвари давлати мо барои интиқоли об ва барқ изҳори миннатдорӣ намуд.
Ёдрас мекунем, ки тобистони ҳамин сол кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби гармои шадид ба камбуди барқ дучор шуданд.
Аз ҷумла, сокинони вилояти Суғди Тоҷикистон низ аз камбуди неруи барқ арзу шикоят доштанд.
Мақомоти маҳаллӣ ва ширкатҳо ҷорӣ шудани лимитро қотеъона рад намуда, қатъи барқро чун ҳамеша “баргузории корҳои таъмир” маънидод мекарданд.
Охири моҳи июл раҳбарияти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон хабар дод, ки мушкилот ба он вобаста аст, ки бар асари гармои шадид кори пойгоҳҳои обкашӣ барои қонеъ сохтани талабот барои обёрӣ дар вилояти Суғд зиёд шудааст.
Вазъ дар минтақа танҳо аввали моҳи август тариқи роҳандозии интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба эътидол оварда шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, аз 1 август шабакаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар самти ҷанубу ғарб хати нави интиқоли барқ ба ҳам пайваст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин хат тибқи қарордодҳои пешакии ҷонибҳо, ҳамзамон интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба вилояти Суғд оғоз шуд, ки ба таъмини пурраи минтақаи шимол бо барқ мусоидат кард.
Қобили зикр аст, ки дар қаламрави вилояти Суғд барои таъмини пурраи минтақа бо барқ иқтидорҳо кофӣ нестанд.
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста