Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷиҳати тезонидани корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Қалъаихамб - Ванҷ - дарвозаи Рӯшон дастур дод, ки Ситоди корӣ таъсис дода шавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ин дастур ҳафтаи гузашта зимни шиносоии вазир бо рафти корҳо дар қитъаи мазкури роҳ дода шуд.

Дар хабар гуфта мешавад, Ситод пас аз ҳар 15 рӯз аз рафти сохтмони иншоот боздид намуда, аз ҷараён, сатҳу сифат ва суръати  корҳо хабар пешниҳод мекунад. Муовини якуми Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода роҳбари ситод таъин гардид.

Азим Иброҳим зимни вохӯрӣ бо роҳсозон таъкид дошт, ки таҷдиду навсозии ин қитьаи роҳ, ки дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе – Қулма» амалӣ мегардад, аҳамияти стратегӣ дошта, таҳти назорати бевосита ва  пайвастаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сурат аз Вазорати нақлиёти ҶТ

“Зеро беҳтар намудан ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба татбиқи ҳадафи дигар - табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ мусоидат мекунад”, - изҳор дошт вазири нақлиёт.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид намуд, ки дар ҳама ҳолат аввал бояд ба сифати иҷрои корҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.

«Сифати корҳо дар мадди аввал бояд истад! -  гуфт ӯ - Сарфи назар аз тибқи нақша идома ёфтани кор, дар баъзе иншоот суръати онро тезонидан зарур аст».

Вазири нақлиёт ба масъулин супоришҳо дод, ки сохтмони пулҳои №1 (сентябр) ва № 2 (август) анҷом дода, кор дар бунёди пулҳои №4, 6, 7 тезонида шавад.

Сохтмони пурраи такядеворҳои оҳану бетонӣ ва сангу омехтаи семент бояд моҳҳои май – июл ва хобондани лӯлаҳо ва новаҳои обпарто дар нуқтаҳои аҳолинишин, корҳои пармакуниву таркишӣ ва хокканӣ аз моҳи май то сентябр бояд пурра  ба охир расанд.

Сурат аз Вазорати нақлиёти ҶТ

Чӣ корҳо иҷро шудаанд?

Бино ба маълумоти Вазораи нақлиёт, ба ҳолати 11 –уми апрели соли равон дар ҳамаи қитъаҳо корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд. Нақби №1, аз даромадгоҳ (деҳаи Кеврон) ба дарозии 921 метр канда шудааст. Корҳои  нақбканӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ, торкретбетон, бетонкунии қисмати поёни нақб ва арматурбандию бетонкунии қисмати болоии нақб идома дорад.

Нақби №2 (деҳаи Тоғмай - Курговад) аз даромадгоҳ бо дарозии 164 метр канда шуда, корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ, бетонкунии қисматҳои поёнӣ ва болоии нақб тибқи нақша идома доранд.

Сохтмони пулҳои мошингузар низ тибқи нақша ҷараён доошта, корҳои бетоникунии сутунпояҳо дар пули №1 (деҳаи Калъаихум) 33%,  пармакунӣ ва арматурбандии мехсутунҳо дар пули №2 (воқеъ дар деҳаи Кеврон) 13%, корҳои бетонӣ дар пули №3 (деҳаи Ҷорф) 76%, бетонкунӣ дар пули №5 (деҳаи Вишхарв) 85%, пармакунӣ ва бетонкунии мехсутунҳо дар пули №6 (деҳаи Шодак) 30% ва пармакунии мехсутунҳо дар пули №10 (деҳаи Пшихарв) 3 % иҷро гардидаанд.

Ба ҳолати имрӯза бо дарозии 57 км корҳои заминӣ ба сомон расонида шудаанд ва инчунин дар 35,3 километрии роҳи мазкур корҳои заминӣ идома доранд ва қисмате аз онҳо дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд. Дар ҳудуди қитъаҳои роҳи таҷдидшаванда корҳои кӯчонидани хатҳои коммуникатсияи муҳандисӣ (алоқа ва барқ) идома доранд, аз ҷумла ин корҳо 19,8 км хатҳои алоқа ва 14,6 км хати барқ иҷро гардидаанд.

Қитъаи роҳи Қалъаихумб - Ванҷ чӣ гуна мешавад?

Дар Вазорати нақлиёт зикр мекунанд, ки дар ин қитъа дар асоси лоиҳа сохтмони 15 пули мошингузар, ду нақб бо дарозии 5 ҳазору 200 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 438 метр дар назар аст.

Ғайр аз ин, сохтмони 22 ҳазор метр канорадеворҳои оҳану бетонӣ ва сангӣ, гузоштани 150 лӯлаи обпарто ва чароғонкунии 14 деҳаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо дарозии 17,7 километр ба нақша гирифта шудааст.

“Ин қитъаи роҳ 109 километрро дарбар гирифта, ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва Ванҷро убур мекунад. Он аз байни қаторкӯҳҳои Дарвоз гузашта, дар миқёси ҷумҳурӣ роҳи душворгузар маҳсуб меёбад ва солҳои тӯлонӣ таъмири асосиро надидааст”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, баъди пурра таҷдиду навсозӣ кардан, ин қитъа 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар умум 92,3 километрро ташкил хоҳад дод.

Маблағи сохтмон кумаки Чин буда, зиёда аз 200 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Паймонкори асосӣ корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва пулҳо «Чайна Роуд энд Бридҷ Корпорейшн» (CRBC) мебошанд. Корҳои амалисозии бевоситаи ин лоиҳа 27 сентябри соли 2021 оғоз шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.