Рӯзи 3-юми ноябри соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», сокини шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Иброҳимови 24-сола ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри Хуҷанд дар рӯ ба рӯи бинои маркази савдои «Нур» аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, он ба канори рости роҳ мебарояд ва ба симчӯби чароғаки роҳнамо ва сипас ба дарахти қафои симчӯб бархӯрда, чаппа шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар натиҷаи садама худи ронанда ва мусофири ӯ Одилҷон Юнусови 23-сола, сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. «Мусофири дигари автомашинаи мазкур Нуъмон Оқилови 28-сола, сокини ш.Хуҷанд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст», - омадааст дар хабари ВКД.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 249 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 244 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 110 нафар ҳалок (ҳамин давраи соли 2012 – 117 нафар) ва 252 тан (ҳамин давраи соли 2012 – 251 тан) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Гуфта мешавад, аз ин шумор 68 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2012 – 70 ҳодиса) бо иштироки кӯдакон рух дода, дар натиҷа 21 нафар кӯдакон ҳалок (соли 2012 – 26 нафар) ва 50 нафарашон (соли 2012 – 52 нафар) ҷароҳат бардоштанд.