Дар вилояти Суғд ҷасади марди 57-сола дарёфт шуд, ки бар асари селфароӣ дар ноҳияи Айнӣ бедарак шуда буд. Дар ноҳияи Айнӣ дар пайи боришоти шадиди рӯзи 27 июн дар чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишин, аз ҷумла рустоҳои Лангар, Вашан ва Ревади ҷамоати Урметан сел фаромада, дар деҳаи Куми ҷамоати Дар-дар роҳҳои мошингард ва заминҳои кишт осеб диданд.

Тавре корманди маркази матбуоти ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд Шаҳзода Буттаева хабар дод, субҳи имрӯз дар деҳаи Вашан ҷасади марди 57-солаи сокини маҳаллӣ дарёфт шудааст, ки дар кӯҳ ба чаронидани чорво ва ҳезумчинӣ машғул буда, пас аз фаромадани сел дигар ба хона барнагаштаааст.

«Ҳамчунин сокини 16-солаи деҳаи Путхини ноҳияи Айнӣ низ осеб дида, ӯ ҳангоми чаронидани чорво дар мавзеи Такоб зер сангфароӣ мондааст, - иброз дошт номбурда. - Наврас ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ аст».

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 27 июн ҳамчунин дар пайи боришоти шадид ва фаромадани сел дар ноҳияи Шаҳристон чанде аз қисматҳои роҳҳои мошингард миёни деҳаҳои Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳристон шуста шуда, се манзили зист дар деҳоти Ҳисори ҷамоати Бунҷикати ноҳия қисман хароб шудааст.

Ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд хотиррасон кард, ки аҳолии вилоят аз боришоти шадид ва эҳтимоли обхезиву селфароӣ пешакӣ огоҳ гардида буд.