Кормандони Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ҷинояти куштори духтари 5-соларо, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 8-уми январи ҳамин сол содир гардида буд, ошкор карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов хабар дод, рӯзи 25-уми январ дар ҷараёни амалиёти муштараки кормандони милисаи вилоят ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон шахси гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шудааст.

«Боздоштшуда сокини ҳамин ноҳия, Фаррух Абдуллоеви 32-сола аст, ки қаблан барои таҷовуз ба номуси ноболиғ ба муҳлати 11 соли зиндон маҳкум гардида буд», - гуфт Тағоймуродов.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки зимни бозпурсии пешакӣ гумонбаршуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.