Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муассиси нахустин Суди ҳакамӣ дар Тоҷикистон, директори Суди ҳакамии вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева қатъ гардида, ӯ комилан аз масъулияти ҷиноӣ озод карда шуд.

Рӯзи панҷшанбе, 26-уми январ суди шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати судя Сафар Қурбонов дархости Ҷӯраева ва адвокати ӯ Абдураҳмон Тӯраевро баррасӣ карда дар робита ба тағйири вазъ мутобиқи моддаи 74-и КҶ ва 31-и КМҶ ҶТ ӯро пурра аз масъулияти ҷиноӣ озод намуд.

Ғвйр аз ин, 85 аризаи даъвогии Раёсати зидди коррупсионии вилояти Суғд оид ба бекор кардани қарорҳои суди ҳакамӣ низ бидуни баррасӣ боқӣ гузошта шуданд.

«Ман мутмаин будам, ки адолат тантана хоҳад кард», - гуфт Ҷӯраева. Ояндаи наздик фаъолияти Суди ҳакамӣ, ки аз 1-уми январи соли 2011 боздошта шуда буд, дубора барқарор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки мурофиаи судии Муҳаббат Ҷӯраева 29-уми сентябри соли гузашта оғоз гардида, ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 295, қ. 1 (Сўиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) ва 296, қ. 2 (Сўиистифодаи ваколат аз ҷониби  аудиторҳо, судяҳои ҳакамӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор карда мешуд.

Худи адвокат бар ин назар аст, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ӯ фармоишӣ буд, «зеро мақомоти судӣ аз вуҷуд доштани суди алтернативӣ истиқбол намекунанд». Ҷураева ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷараёни мурофиа мақомоти тафтишот ба як қатор қонуншиканиҳо дар Кодекси мурофиавии ҷиноӣ роҳ доданд.

Қобили зикр аст, ки 5-уми январи соли 2008 дарТоҷикистон Қонун «Дар бораи Судҳои ҳакамӣ дар ҶТ» қабул карда шуд.

Муҳаббат Ҷӯраева дар вилояти Суғд ба таъсиси нахустин Суди ҳакамӣ дар Тоҷикистон асос гузошта, он аз 1-уми январи соли 2009 то 10-уми январи соли 2011 фаъолият кард.

«Дар давоми фаъолият ба Суди ҳакамӣ беш аз 150 парвандаҳои ҷиноӣ пешниҳод ва баррасӣ гардида, қарори 85%-и он ба иҷро расонида шуд», - афзуд Ҷӯраева.