Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Қисми минтақавии РВКД вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Муҳаммадҷон Розиқови 37-сола, сокини шаҳри Кӯлоб дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии ӯ дар дохили 4 адад пакети селофанӣ маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира карда шуд, ки вазни умумии он 62 килою 80 граммро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.