Собиқ милисаи нозири минтақавии Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки суди шаҳри Қӯрғонтеппа ӯро ба истифода шиканҷа муттаҳам карда, ба 7 соли зиндон маҳкум намуд, аз болои ҳукми суд ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурд.

Адвокати маҳкумшуда Акбар Ҳасанов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зерҳимояи онҳо худро гунаҳкор нашумурда, онҳо барои бекор кардани ҳукми суд се далел пеш овардаанд.

«Нахуст сухан сари он аст, ки аз 15 нафари шоҳидон беш аз 10 нафарашон хешони наздики ҷабрдида буда, суд баёноти шоҳидонеро, ки асли воқеъаро баён доштанд ба инбат нагирифт ва далели сеюм дар он ифода меёбад, ки сабабҳои то ба худкушӣ оварда расонидани наврас ҷой надоштанд», - иброз дошт ӯ.

Адвокат мегӯяд, дар маводи парванда зикр мегардад, ки Машраф Алиев наврасро ба шуъба даъват накарда, падар ва тағояш ӯро назди зерҳимояи ман овардаанд, то ки ба дуздӣ даст задани ӯро мушаххас кунанд.

«Рӯзе, ки наврасро ба хона мебранд, падараш ӯро лату кӯб мекунад ва инро шоҳидони мо тасдиқ мекунанд. Пас аз лату кӯб наврас аз хона гурехта, рӯзи дигар даст ба худкушӣ мезанад ва соати 7-и субҳ волидайнаш овоза паҳн мекунанд, ки писари онҳо гум шудааст. Дар мурофиа гуноҳи зерҳимояи ман исбот нашуд, аз ин рӯ, ман ҳукмро ғайриқонунӣ ва ғайримунсифона арзёбӣ мекунам», - афзуд Ҳасанов.

Аммо ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Умед Ниёзов бар ин назар аст, ки шикояти ҷониби ҳимоя асос надорад. «Агар суд ба мо нусхаи шикояти кассатсионии адвокатҳои Машраф Алиевро пешниҳод намояд, мо ба шикояти онҳо эътироз менависем. Гуноҳи Машраф Алиев дар суд пурра исботи худро ёфт. Ғайр аз ин, ду хулосаи ташхисгарони судиву тиббӣ ҳам ба манфиати зерҳимояи ман мебошанд», - мегӯяд Ниёзов.

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа собиқ корманди Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро ба иттиҳоми истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ба 7 соли зиндон маҳкум намуд . Суд ҳамчунин қарор кард, ки аз Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон ва Машраф Алиев дар ҳаҷми 1 ҳазору 619 сомонӣ ҷуброни зиёни маънавӣ рӯёнида шавад.

Ёдовар мешавем, ки сокини ноболиғи деҳаи Кулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон 29-уми апрел дар манзили истиқоматиаш дар ҳоли худро ба дор овехтан пайдо карда шуд. Наздиконаш писарбачаро аз банд берун оварда, дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Тафтишот муайян сохт, ки чанде қабл корманди милисаи маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар дуздӣ, ӯро ба утоқи кориаш даъват намуда, писарбачаро таҳқиру дашном дода, ба хотири гирифтани гувоҳии иқрорӣ латукӯб кардааст. Бино ба маълумоти тафтишот, ноболиғ баъд аз муносибати дағалонаи корманди милиса даст ба худкушӣ задааст.

Санаи 7-уми сентябри соли 2012 додгоҳи ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро гунаҳкор дониста, ба 7 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Аммо додгоҳи вилояти Хатлон дар асоси эътирози раиси Суди олии ҶТ ҳукми додгоҳи Ёвонро бекор кард, зеро ба ақидаи ӯ, ҳукм нисбат ба Машраф Алиев сабук аст. Бо назардошти эътирози мазкур парвандаи ҷиноятӣ ба тафтиши дубора фиристода шуд.

Дар акс адвокат Акбар Ҳасанов.