Кормандони Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Данғара ду нафар сокинони маҳаллиро ба гумони даст доштан дар дуздӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, моҳи декабри соли гузашта Комилҷон Қосимови 22-сола ва Наврӯз Ғаниеви 20-сола  қулфи дари мактаби таҳсилоти умумии №56-и ноҳияи Данғараро шикаста, вориди он мешаванд.

«Онҳо аз он ҷо 2 адад протсессор ва 2 адад компютерро, ки арзишашон 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд», - омадааст дар иттилои ВКД. Зимнан зикр мегардад, ки аз боздоштшудагон далели шайъӣ гирифта шуда, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтиш идома дорад.