Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар асоси моддаи 356-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ) нисбати адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров парванда оғоз кардааст.

Бино ба маълумоти хабаргузории TojNews бо такя ба гуфтаҳои наздикони адвокати маъруф, парванда аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон пас аз баҳси айбдоркунандаи давлатӣ бо Бузургмеҳр дар рузи 29-уми сентябр оғоз шудааст.

Онҳо гуфтаанд, он рӯз Б. Ёров зимни ироаи сухани охирини худ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе  дар бораи додараш Ҷамшед Ёров сухан гуфта, шеъри маъруфи Мумин Қаноат “Бародарам”-ро қироат кардааст.

- Айбдоркунандаи давлатӣ аз Ёров талаб кард, ки аз моҳияти масъала берун нарафта, на дар бораи додараш балки дар бораи парвандаи худаш сухан кунад. Дар зимн миёни айбдоркунандаи давлатӣ ва адвокати боздошшуда баҳс ба миёна омада, аз ду ҷониби суханҳои пасту баланд гуфта шуд. Ҷамшед Ёров он рӯз ҳануз дар ҳабс қарор дошт,-иброз доштаанд наздикони адвокати боздошшуда.

Моддаи 356-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлатро пешбинӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки суд Бузургмеҳр Ёровро мутобиқи 5 модда Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин ба муддати панҷ сол баъди озод шудан аз зиндон аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шуд.

Рӯзи 27 сентябр зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор карда буд, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст».

Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябри соли 2015 дар дафтари кории коллегияи адвокатҳои «Сипар» боздошт шуда, он замон ба ҳимояи манфиатҳои 7 узви боздоштшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.