Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ кормандони милитсия як ноболиғро ба гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон гумонбар писарбачаи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 10-уми яке аз муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ мебошад.

«Боздошшуда тахминан соати 22:30-дақиқаи рӯзи 13 август дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Кулангир”, воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров бо марди 32-солаи ҷамоати деҳоти Х.Усмони ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дасташ 4-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст», - омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.