Аз рӯи далели муноқиша назди маркази савдои «Москва» дар пойтахти Русия мақомоти пулиси ин кишвар мутобиқи модадҳои 116 (Лату кӯб) ва 213 (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноии Русия 2 парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Қобили зикр аст, ки баъди анҷоми муноқиша кормандони пулис ба боздошти оммавӣ ва ба шуъба фиристодани муҳоҷирон оғоз карданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дода буд, боз 14 нафар дар боздоштгоҳ боқӣ мондаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқи Русия аз як қатор ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон зимни боздошт ва муносибат дар шуъбаи пулиси «Люблино» ҳарф мезананд.

Муовини раиси Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон Евгений Бобров ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, Шӯро ба ВКД Русия бо дархости санҷиши ҳодисаи лату кӯби шаҳрванди Тоҷикистон дар маркази савдои «Москва» ва боздошти оммавии шаҳрвандони ин кишвар дар пайи он, ҳамчунин пешниҳоди маълумот аз рӯи натиҷаҳои санҷиш муроҷиат кардааст.

Дар навбати худ узви Комиссияи ҷамъиятии нозироти Маскав Денис Набиуллин ба ТАСС хабар додааст, ки ҳомиёни ҳуқуқ ҳолати риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ВКД «Люблино» мавриди санҷиш қарор додаанд.

«Зимни санҷиш ошкор шуд, ки ВКД аз меъёр зиёд пур буда, 22 нафар аллакай 1 шабонарӯз он ҷо бидуни таъмин бо ғизо нигаҳдорӣ мешаванд ва боз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби дар камераҳо ҷой набудан, дар бинои худи шуъба қарор доранд», - иброз доштааст узви Комиссия.

Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон изҳор кардаанд, ки ба муноқишаи назди маркази савдо ҳеҷ муносибате надошта, дар бозори «Садовод», ки фурӯшандагӣ мекунанд, боздошт шудаанд ва кормандони пулис онҳоро танҳо барои доштани шиносномаи Тоҷикистон дастгир кардаанд.