Комиссари ҳарбии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Фаррух Каримов аз даъватшаванда барои додани шаҳодатномаи ҳарбӣ пора талаб кардааст, ҳарчан пешакӣ медонист, ки ҷавон бемор буда, ба хизмати ҳарбӣ ноқобил аст. Комиссари ҳарбӣ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ дастгир шуд.

«Даъватшавандаи маҳаллӣ Мақсад Шарипов бемории қалб дошта, барои ноқобил буданаш ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз комиссияи тиббӣ хулоса гирифтааст, ки комиссари ҳарбӣ онро сарфи назар кардааст», - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии зиддифасод.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолати зикршуда нисбати Фаррух Каримов бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.