Додситон ё айбдоркунндаи давлатӣ ба Рустам Саидаҳмадзода, додраси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо “ҳукмҳои сафед”-аш маъруф аст, 9 соли зиндон хостааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Парвандаи Рустам Саидаҳмазода аз сӯи додраси Додгоҳи олӣ Шодмон Ализода баррасӣ мешавад ва дар назар аст, ки рӯзи душанбеи 3-юми апрел Рустам Саидаҳмазода сухани охирини худро дар додгоҳ ироа кунад. Муҳокима дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор мешавад.

Манбаъ менависад, ки  “додраси пешин дар оғоз ба панҷ иттиҳом, аз ҷумла "бисёрникоҳӣ", "дурӯғпароканӣ", "ғайриқонунӣ содир кардани ҳукм", "қаллобӣ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои химатӣ" муттаҳам мешуд. Аммо дертар муфаттишон, иттиҳоми бисёрникоҳиро аз парвандаи додраси пешин берун карданд”.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, далели мақомот дар иттиҳоми расондани хабари бардурӯғ, як муроҷиати Рустам Саидаҳмадзода ба раисиҷумҳур аст, ки дар он ӯ аз кори раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар тақсими парвандаҳо барои додрасҳо шикоят кардааст.

“Ӯ навишта буд, ки раиси додгоҳ барои худ ва дигар додрасҳо солона то 50-60 парвандаи ҷиноӣ ҷудо мекунад, аммо ба ӯ барои баррасӣ дар як сол фақат 9 парванда додааст. Талаби Рустам Саидаҳмадзода фақат ҳамин буд, ки як комиссияи босалоҳият масъаларо санҷад, вале дар асоси ин муроҷиат нисбаташ бо иттиҳоми "расондани хабари бардурӯғ" парванда кушоданд,”--афзудааст манбаъ.

Манбаъи дигар гуфтааст, ки далели дигари мақомот алайҳи Рустам Саидаҳмазода бекор шудани чанд ҳукми содиркардаи ӯ аз тарафи зинаи болоии додгоҳ мебошад. Тафтишот гуфтааст, дар як сол 11 ҳукми додгоҳии Саидаҳмадзода аз тарафи Додгоҳи вилояти Суғд бекор шудаанд. Ин ҳукмҳо замони дар Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият кардани Рустами Саидаҳмазода содир шудаанд.

Худи ӯ ин далелро рад карда гуфтааст, ҳукмро қонунӣ содир кардааст ва бекор шудани он салоҳияти зинаи болоии додгоҳ аст. Аз сӯи дигар вакилони дифои додраси пешин гуфтаанд, бекор шудани ҳукми додрас аз сӯи зинаи болоии додгоҳ ҷиноят нест.

Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июни соли гузашта дар Душанбе дастгир ва ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯро ба “Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ”, “ғайриқонунӣ баровардани ҳукм”, “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “қаллобӣ” гумонбар медонанд. Худи ӯ ва вакилони дифоаш ҳамаи ин иттиҳомотро рад мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.