Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад, дар шаҳри Хоруғ бо мақомоти раҳбарӣ ва фаъолони вилоят мулоқот кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни суханронӣ сарвари давлат сокинони вилоятро бо таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки дар давоми солҳои истиқлолият соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Бадахшон ба таври назаррас рушд ёфта, дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои тараққиёти вилоят беш аз 1 миллиарду 620 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағҳо барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷети вилоят сарф гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, сарвари давлат ҳамчунин изҳор кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ба рушди имконоти иқтисодии ВМКБ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир месозад. «Ҳоло дар вилоят 13 корхона ва 20 сехи хурди саноатӣ фаъолият дошта, тавассути дастгирии вазорату идораҳо ва ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2 сехи коркарди санг, 5 сехи дўзандагӣ ва 2 корхонаи хурди коркарди растаниҳои шифобахш таъсис дода шудааст», - гуфт ӯ.

«Сарвари давлат ба сохторҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати ҳарчи бештар дар корхонаҳои вилоят ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, бештар ҷалб намудани сармояи дохиливу хориҷӣ, кушодани корхонаҳои муштарак ба хотири бо кор таъмин намудани занону духтарони маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дод», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Зикр гардид, ки дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон ба масоили рушди энергетикаи хурд, бахши сайёҳӣ ва сохтмони роҳҳо дар Бадахшон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохтааст.

Сафари кории сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз ба анҷом мерасад.