Вазири нави корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, ки нимаи моҳи январи соли равон ба ин мансаб таъин гардид, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Музаффар Ҳусейновро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департмаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафйн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили баргузории чорабиниҳои муштараки пешбинишуда табодули афкор намуданд