Раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён имрӯз роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ, котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР хабар дод, дар мулоқот масоили марбут ба омодагӣ ва баргузории интихобот мавриди баррасӣ қарор гирифта, Лебедев таъкид доштааст, ки фаъолияти гуруҳи нозирони ИДМ оид ба мониторинги интихоботи президенти Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории ҶТ амалӣ гардида, ба усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ дар бахши ташкил ва баргузории интихобот, дахолат накардан ба ҷараёни маъракаи интихоботӣ ва сиёсати дохилии давлат асос ёфтааст.

«Шермуҳаммади Шоҳиён итминон дод, ки КМИР баҳри кумаки зарурӣ ба гурӯҳи нозирони ИДМ дар доираи қонунгузории миллӣ омода аст», - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи нозирони ИДМ ва ситоди он дар Душанбе аз 11-уми октябри соли 2013 ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ҳайати гурӯҳ 194 нафар нозирон сабти ном шудаанд, ки15 нафарашон ба сифати нозирони дарозмуҳлат фаъолият доранд.