Дар сарҳади давлатии Тоҷикистон то имрӯз як қитъа мувофиқа нашудааст, ки масофаи он 2 километр буда, дар он партовгоҳ воқеъ аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, қитъаи воқеъ дар мавзеи назди сарбандии нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод бо масофаи наздик 2 километр мувофиқанашуда боқӣ мондааст.
«Ин қитъа дар маҳалли пайвастшавии сарҳади вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон воқеъ буда, дар он ҳеҷ гуна иншоот ва маҳаллаи аҳолинишин вуҷуд надорад, танҳо партовгоҳ ҷойгир аст», - иттилоъ дод манбаъ.
Зимнан изҳори бовар шуд, ки зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, ки аввали тирамоҳ дар назар аст, ҷонибҳо доир ба қитъаи мазкур созиш ҳосил мекунанд.
Шартнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадӣ давлатӣ зимни сафари рӯзҳои 9-10 марти президенти Ӯзбекистон Шавакат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расид.
Имрӯз 19 апрел, парлумони Тоҷикистон ният дорад, ки шартномаи зикршударо тасдиқ намояд.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январ дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар мавриди қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод комилан ба созиш расидаанд.
Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.
Дар давраи аз 24 феврал то 1 март дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор шуда буд.
Он вақт ҷонибҳо бо мақсади ба иҷро расонидани Протоколи ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукумматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳад, ки 24 феврали соли 2018 дар Фарғона ба имзо расид, ба лоиҳаи шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳад замима таҳия намуданд.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ - 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) - 105 километр аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста