Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 июн ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба шаҳри Синдаои Чин меравад.

Дар ҳошияи нишаст як қатор дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Иттиҳод дар назар аст.

Аз ҷумла, вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Русия Владимир Путин ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Афғонистону Қирғизистон ва сарвазирону Ҳиндустону Покистон низ пешбинӣ мешавад.

Бино ба иттилои як манбаи «Азия-Плюс», дар Синдао байни кишварҳои узви СҲШ шартнома дар бораи ҳусни неки ҳамҷаворӣ ва барномаи ҳамкорӣ ба муҳлати 5 сол дар бахшҳои иқтисоду амният ва робитаҳои гуманитарӣ ба имзо мерасанд.

СҲШ созмони байнулмилалиест, ки соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Моҳи июни соли 2016 дар нишасти СҲШ дар Ӯзбекистон бобати ба узвияти Созмон пазируфта шудани Ҳиндустон ва Покистон Ёддошт ба имзо расид.

Афғонистону Беларус ва Эрону Муғулистон - кишварҳои нозир ва Озарбойҷону Арманистон, Камбоҷа, Непалу Туркия ва Шри-Ланка - давлатҳои шарики Созмон мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.