Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон рӯзи 29 май дар Душанбе баёнияи муштарак қабул карда, чор созишномаи иловагӣ ба имзо раси, ки самтҳои калидии ҳамкории дуҷонибаро дар бар мегиранд.

Ба иттилои АМИТ “Ховар”, баёнияи муштарак аз ҷониби сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба имзо расид.

Дар доираи густариши ҳамкориҳо санадҳои зерин имзо шуданд:

- Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фановаронаи байналмилалии Муовинати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёди Раис Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Қарордоди иловагӣ №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ байни  ҶСК «Барқи тоҷик» ва Мудиромили ширкати пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда Сангоб»;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи «Кор ва таъмини иҷтимоӣ»-и Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳум бо роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Тоҷикистон байни Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Акс аз АМИТ Ховар

Сафари ҳайати Эрон дар пасманзари тақвият ёфтани муколамаи дуҷониба сурат мегирад. Рӯзҳои 5-6 май дар шаҳри Шероз ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳапмкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмиву техникӣ баргузор шуд.

Зикр шуд, ки дар соли 2024 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 377,7 млн доларро ташкил дод, ки 48,4% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ гардиши молу маҳсулот ба андозаи 42,9% афзуда, 110,6 млн долларро ташкил додааст.

“Аз афзоиши гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо то ним миллиард доллар интизорӣ меравад”, - зикр гардида буд дар изҳороти хотимавии комиссия.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон дар доираи сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон байни кишварҳо 23 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, тиб ва бахши кишоварзӣ ба имзо расид. Он замон дар ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар ба маблағи зиёда аз 450 млн доллар созишномаҳо ба имзо расида буданд, ки барои шарикӣ дар сармоягузорӣ иқдоми муҳим арзёбӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.