Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз, таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, лоиҳаҳои як қатор қонун ва қарорҳои муҳимро баррасӣ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва «Дар бораи ташхиси экологӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Шӯрои парлумон ҳамчунин дар бораи ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони МО ҶТ дохил кардани масъалаи ворид сохтани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи хариди давлатӣ, мол ва хизматгузориҳо» ва «Дар бораи таъминоти шаҳрвандони ҶТ бо нафақа» қарори дахлдор қабул кард», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи М.Султонов, бо қарори Шӯро ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум рӯзи 8-уми феврал доир мегардад.