Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи парлумон оид ба мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ Амирқул Азимов зикр кард, ки тағйироти пешниҳодшуда ба қонуни мазкур пеш аз ҳама ба бартараф кардани нуқсону мухолифатҳо дар он ва мутобиқ гардонидани он ба меъёрҳои дигар қонунҳои кишвар равона гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташакил», масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи ҳуқуқҳои истеъмолгарон», «Дар бораи рамзҳои президенти Тоҷикистон» ва Кодекси ҷиноии ҶТ низ баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки тамоми ин масоили баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки санаи 7-уми ноябр доир мегардад, ворид карда шуданд.