Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки сарвазири ҷумҳурӣ, аъзои ҳукумат ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ машварати корӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дарар кори машварат масъалаҳои рафти иҷрои қонуну қарорҳо, дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати ҶТ, вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар, тадбирҳои муҳими омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.


Ҳамчунин натиҷагирии мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон, баррасӣ гардида, оид ба амалӣ сохтани онҳо гузориши Сарвазир ва роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ шунида шуд.


Бо дарназардошти пуштибонии амиқи мардум аз талошу тадбирҳои ояндадори роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷагирии мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолони ҷомеа баҳри ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


Ҳамаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини зиндагии сазовори мардум ба роҳ монда шудааст, аз ин ру Президенти мамлакат дастур доданд, ки оид ба татбиқи саривақтии онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.